Вохӯрии Котиби генералии ҶҲАТ бо котибони иҷроия ва кормандони Филиалҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

0
627

3 феврали соли 2023 дар Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд мулоқоти Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Баҳодур Қурбониён бо котибони иҷроияи Филиалҳои Ҷамъият дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, кормандони дохилӣ ва барномавии Филиали вилоятӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ оид ба фаъолияти ҶҲАТ дар соли 2022, натиҷаҳои баргузории Анҷумани ғайринавбатии 24-ум ва Конференсияи марказии ҶҲАТ иброи назар карда шуд.

Ҳамчунин оид ба қарорҳои қабулнамудаи иштирокдорони Анҷумани ғайринавбатии 24-ум ва Конференсияи марказии ҶҲАТ, 17 январи соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, иттилоъ дода шуда, таваҷҷуҳи котибони иҷроияи Филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба қабули саривақтӣ ва дурусти аризаҳои муроҷиаткунандагон, ҳалли саривақтии муаммоҳои онҳо бо истифода аз имконияту шароити мавҷуда, ҷалб карда шуд.