ВОХӮРИИ МАШВАРАТИИ ТАШАББУСИ “ОГОҲСОЗИИ БАРМАҲАЛ БАРОИ ҲАМА”

0
22

31 майи соли 2024 дар меҳмонхонаи Румӣ, шаҳри Душанбе вохӯрии машваратии ташаббуси “Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама (EW4ALL)” баргузор гардид. Ҷаласа аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ) дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ва дастгирии молиявии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) ташкил карда шуд. Ин вохӯрӣ тарафҳои манфиатдори татбиқи ташаббуси “Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама” аз мақомотҳои дахлдори давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва бахши хусусӣ ҷамъ овард.

Мақсади асосии вохӯрии мазкур комилгардонии нақшаи татбиқи бахшҳои якум (донишҳо оид ба хатари офатҳо) ва чорум (тайёрӣ ва вокуниш)-и ташаббуси EW4ALL буд. Дар назар аст, ки бо дуруст нақшакашии фаъолиятҳо имконоти ҳифзи бештари одамон аз офатҳои табии тавассути ба воқеият табдил додани огоҳсозии бармаҳал дар Тоҷикистон дучанд шавад.

Ташаббуси “Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама” дар соли 2022 аз ҷониби Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш эълон шуда буд, ки даъваткунандаи амалҳои глобалӣ барои ҳифзи ҳар як фарди сайёра тавассути огоҳсозии бармаҳал то соли 2027 мебошад. Тоҷикистон ба гурӯҳи 30 кишвари асосӣ барои гирифтани кӯмаки ҳамоҳангшуда дар доираи ин ташаббус дохил шудааст. Дар чаҳорчӯби ин иқдом шарикони байналмилалӣ ба кишвар кумак мерасонанд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонмандии худро барои татбиқи хадамоти муассири огоҳсозии бармаҳал аз чаҳор бахши низоми огоҳсозии бармаҳал аз хатарҳои бисёрҷониба (MHEWS) тақвият медиҳад. Аз байни идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҳамкор барои пеш бурдани ҳар яке аз чаҳор бахш мақоми роҳбарикунанда муқаррар карда шудааст. Мақоми рохбарикунандаи бахши чаҳорум (тайёрӣ ва вокуниш) ба дӯши КҲФ бо дастгирии ҶҲАТ ва ФБҶ СС ва ҲА гузошта шудааст. Мақомоти роҳбарикунандаи ҳар як бахш нақшаи фаъолиятҳоро барои татбиқи ин ташаббус омода карда барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад. Дар саннаи 29 декабри соли 2023 КҲФ бо дастгирии ҶҲАТ ва ФБҶ СС ва ҲА ҷаласаи машваратӣ оид ба даври якуми баррасии нақшаи кории бахши чоруми ташаббусро ташкил карда буд.