Вохӯрӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

0
1328

23 май дар доираи моҳвораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва дар асоси нақша чорабиниҳо бахшида ба 95-солагии Ҷамъият аз ҷониби филиали ташкилот дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи ҷавонон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо донишҷӯён вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ танзимгари барномаи Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ Узбакбӣ Додова суханронӣ намуда, доир ба фаъолияти Ҷамъият ба ишгтирокчиён маълумот дод.

Дар фарҷом миёни донишҷӯён викторина гузаронида шуда, фаъолон бо мукофот сарфароз гардиданд.