Дар доираи Моҳвораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бахшида ба 95-солагии таъсисёбии Ҷамъият дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба 40 нафар тифлони бемори шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулии яквақтаина расонида шуд.
Кумаки мазкур бо иштироки роҳбарият ва кормандони ҶҲАТ ва шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Марказ ба волидони ҳар як тифли бемор дар ҳаҷми 500 сомонӣ супорида шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дастгирии ниёзмандон, аз ҷумла маъюбон, беморон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҷамъият ба ҳисоб рафта, ташкилот дар ин самт ҳамеша тадбирҳо меандешад.