Баррасии лоиҳаи “Стратегияи рушди Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”

0
2094

11-12 ноябри соли 2020 дар осоишгоҳи “Сароб”-и ноҳияи Варзоб вохурӣ оид ба муҳокимаи лоиҳаи «Стратегияи рушди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» баргузор гардид.
Дар вохурӣ кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ), шарикони рушди ҶҲАТ ва намояндагони Вазорати маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, адлия ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Вохуриро муовини аввали Котиби генералии  ҶҲАТ Файзализода Нурулло ҳусни оѓоз бахшида, сипас мутобиқи рӯзнома намояндагони масъули ҶҲАТ вобаста ба самтҳои “Стратегияи рушди ҶҲАТ барои солҳои 2021-2025” баромад намуданд.
Вохурӣ дар сатҳи баланд барпо шуда, дар фарҷоми он ҳамаи фикрку пешниҳодоти иштирокчиён ба инобат гирифта шуда, лоиҳаи Стратегия такмил дода шуд.

Нодир Аминзода, масъули иттилооти ҶҲАТ, ш. Душанбе, 17 ноябри соли 2020