Дарахти ман баҳри ободонӣ ва тоза нигаҳдории шаҳри Хуҷанд!

0
1612

Имрӯз кормандони Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар асоси нақшаи корӣ дар ҳашари дастҷамъона таҳти унвони #дарахти ман баҳри ободонӣ ва тоза нигаҳдории шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва Иди Наврӯзи байналмилалӣ дар корҳои ободонӣ, бунёдкорони, шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз дар мавзеи истироҳатӣ-фароғатии соҳили дарёи Сир, ки 300 адад ниҳолҳои арчаи ҳамешасабз шинонида, фаъолона иштирок намуданд.
Корҳои ободонӣ дар шаҳр вусъат ёфта истодааст, дар ин радиф саҳми кормандони Бахши ҶҲАТ низ хеле назаррас мебошад.


Маркази иттилоотии ЧХАТ, 15 марти соли 2021