Дарси кушод барои хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 дар н.Рушони ВМКБ

0
876

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) фаъолиятхои лоихаи “Ташаккули қобилияти устувории кӯдакон ва ҷавонон дар Тоҷикистон ба офатҳои табии ва тағйирёбии иқлим тавассути тадбирҳои коҳиши хавфи офатҳои табии ба кудакон нигаронидашуда ва бехатарии мактабҳо”-ро, ки аз тарафи Хазинаи Кудакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад, дар ноҳияи Рушон оғоз намуд.
Дар таърихи 10-уми октябри соли 2022 дар доираи лоиҳаи мазкур  тибқи накша ва дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон, роҳбарияти ҷамоати деҳоти Баррушони ноҳияи Рушон ва роҳбарияти шуъбаи маорифи ноҳияи Рушон дар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и деҳаи Дерзуди ҷамоати деҳоти Баррушони ноҳияи Рушони ВМКБ, барои 60 нафар хонанда  ва 10 нафар омузгори муассисаи мазкур бо мақсади ташкили гуруҳи идоракунии офатҳои табиӣ аз байни хонандагони муассисаи мазкур, дарси кушод гузаронида шуд. Дар рафти чорабинии мазкур намояндаи макомоти махалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон, намояндаи КҲФ ва МГ-ии ноҳияи Рушон, намояндаи шуьбаи маорифи ноҳияи Рушон иштирок карда ва суханронӣ намуданд.
Мақсади асосии ташкили ин гуруҳ, баланд бардоштани  савияи  дониш ва маълумоти хонандагон ва омузгорони муассиса оид ба  омодагӣ ва вокуниш  ба ҳолатҳои фавқулодда  мебошад.
Дарси кушод аз шиносоӣ бо хонандагони  муасиса оғоз гардид ва дар ҷараёни дарс барои хонандагон дар мавзӯҳои Ҳаракати Байналмилалии СС ва ҲА, қонуни ҶТ дар бораи ҶҲАТ, коҳиши хавфи офатҳо дар сатҳи маҳал, омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда, расонидани ёрии аввали то тиббӣ, тағйирёбии иқлим, обу беҳдоштӣ барои хонандагон, таъсироти пайвастаи офатхои табии ба минтакахои Точикистон, маълумот дода шуд.
Дар охир дар асоси хулосаи омузгорони муассиса 20 нафар хонандаи фаъол барои узви гуруҳи зудамали идоракунии офатҳои табиӣ аз байни хонандагони муассисаи мазкур интихоб карда шуданд ва гурӯҳи идоракунии офтаҳои табиӣ дар муассисаи мазкур ташкил карда шуд.