Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар минтақаи Рашт ба амалӣ намудани фаъолияти лоиҳаи “Ташакулли кобилияти устувории кудакон ва ҷавонон дар Тоҷикистон ба офатҳои табии ва тағйирёбии иқлим тавассути тадбирҳои коҳиши хавфи офатҳои табии ба кудакон нигаронидашуда ва беҳтарии мактабҳо”-ро, ки аз тарафи Хазинаи Кудакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузори карда мешавад, оғоз намуд.
Дар таърихи 14-уми октябри соли 2022 дар доираи лоиҳаи мазкур тибқи накша ва дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ва роҳбарияти шуъбаи маорифи ноҳияи Тоҷикобод дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 деҳаи Ширинчашмаи ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи н. Тоҷикобод бо иштироки котиби иҷроияи филиали ҶҲАТ дар н.Тоҷикобод ва директори муассиса бо мақсади ташкили гуруҳи идоракунии офатҳои табиӣ аз байни хонандагони муассисаи мазкур, дарси кушод гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур 60 хонанда ва 10 омузгор иштирок намуд.
Мақсади асосии ташкили ин гуруҳ, баланд бардоштани савияи дониш ва маълумоти хонандагон ва омузгорони муассиса оид ба омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда мебошад.
Дарси кушод аз шиносоӣ бо хонандагони муасиса оғоз гардид ва дар ҷараёни дарс барои хонандагон дар мавзӯҳои Ҳаракати Байналмилалии СС ва ҲА, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҶҲАТ, коҳиши хавфи офатҳо дар сатҳи маҳал, расонидани ёрии аввали то тиббӣ, тағйирёбии иқлим, обу беҳдоштӣ барои хонандагон, таъсироти пайвастаи офатҳои табии ба минтақаҳои Тоҷикистон, маълумот дода шуд. Дар ҷараёни дарси кушод хонандагон фаъолона иштирок намуданд.
Дар охир дар асоси хулосаи омузгорони муассиса 20 нафар хонандаи фаъол барои узви гуруҳи идоракунии офатҳои табиӣ аз байни хонандагони муассисаи мазкур интихоб карда шуданд ва ба ин тартиб гурӯҳи идоракунии офтаҳои табиӣ дар муассисаи мазкур ташкил карда шуд.