Дарси кушод барои хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 дар ноҳияи Лахш

0
90

Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар минтақаи Рашт ба амали намудани фаъолияти лоиҳаи “Ташакулли кобилияти устувории кудакон ва ҷавонон дар Тоҷикистон ба офатҳои табии ва тағйирёбии иқлим тавассути тадбирҳои коҳиши хавфи офатҳои табии ба кудакон нигаронидашуда ва беҳтарии мактабҳо”-ро, ки аз тарафи Хазинаи Кудакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузори карда мешавад, оғоз намуд.
Дар таърихи 24-уми октябри соли 2022 дар доираи лоиҳаи мазкур  тибқи нақша ва дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ва роҳбарияти шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш дар бинои МТМУ № 9  ҷамоати деҳоти Ҷиргатол деҳаи Ҷиргатоли ноҳияи Лахш бо иштироки котиби иҷроияи филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Лахш ва директори муассиса бо мақсади ташкили гуруҳи идоракунии офатҳои табиӣ аз байни хонандагони муассисаи мазкур, дарси кушод гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур 60 хонанда (26 писар ва 34 духтар) ва 10 омузгор иштирок намуд.
Мақсади асосии ташкили ин гуруҳ, баланд бардоштани  савияи  дониш ва маълумоти хонандагон ва омузгорони муассиса оид ба  омодагӣ ва вокуниш  ба ҳолатҳои фавқулодда  мебошад.
Дарси кушод аз шиносоӣ бо хонандагони  муасиса оғоз гардид ва дар ҷараёни дарс барои хонандагон дар мавзӯҳои Ҳаракати Байналмилалии СС ва ҲА, қонуни ҶТ дар бораи ҶҲАТ, коҳиши хавфи офатҳо дар сатҳи маҳал, расонидани ёрии аввали то тиббӣ, тағйирёбии иқлим, обу беҳдоштӣ барои хонандагон, таъсироти пайвастаи офатхои табии ба минтакахои Точикистон, маълумот дода шуд. Дар ҷараёни дарси кушод хонандагон фаъолона иштирок намуданд.
Дар охир дар асоси хулосаи омузгорони муассиса 20 нафар хонандаи фаъол барои узви гурухи идоракунии офатҳои табиӣ аз байни хонандагони муассисаи мазкур интихоб карда шуданд ва ба ин тартиб гурӯҳи идоракунии офтаҳои табиӣ дар муассисаи мазкур ташкил карда шуд.