Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ВМКБ фаъолиятхои лоихаи “Ташаккули қобилияти устувории кӯдакон ва ҷавонон дар Тоҷикистон ба офатҳои табии ва тағйирёбии иқлим тавассути тадбирҳои коҳиши хавфи офатҳои табии ба кудакон нигаронидашуда ва бехатарии мактабҳо”-ро, ки аз тарафи Хазинаи Кудакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад, дар ноҳияи Рушон оғоз намуд.
Дар таърихи 15-уми октябри соли 2022 дар доираи лоиҳаи мазкур тибқи нақша ва дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа ва роҳбарияти шуъбаи маорифи ноҳияи Роштқалъа дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии раками 26-и дехаи Медони маркази нохияи Рошткальаи ВМКБ, барои 60 нафар хонанда ва 10 нафар омузгори муассисаи мазкур бо мақсади ташкили гуруҳи идоракунии офатҳои табиӣ аз байни хонандагони муассисаи мазкур, дарси кушод гузаронида шуд.
Мақсади асосии ташкили ин гуруҳ, баланд бардоштани савияи дониш ва маълумоти хонандагон ва омузгорони муассиса оид ба омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда мебошад.
Дарси кушод аз шиносоӣ бо хонандагони муасиса оғоз гардид ва дар ҷараёни дарс барои хонандагон дар мавзӯҳои Ҳаракати Байналмилалии СС ва ҲА, қонуни ҶТ дар бораи ҶҲАТ, коҳиши хавфи офатҳо дар сатҳи маҳал, омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда, расонидани ёрии аввали то тиббӣ, тағйирёбии иқлим, обу беҳдоштӣ барои хонандагон, таъсироти пайвастаи офатхои табии ба минтакахои Точикистон, маълумот дода шуд. Хонандагони муассисаи мазкур дар ҷараёни дарси кушод фаъолона иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинии мазкур намояндаи мақомотхои махалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа, аъзои фаъоли гуруҳи миллии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Хоруғ ва намояндаи шуьбаи маорифи ноҳияи Роштқалъа иштирок намуданд.
Дар охир, дар асоси хулосаи омузгорони муассиса 20 нафар хонандаи фаъол барои узви гуруҳи зудамали идоракунии офатҳои табиӣ аз байни хонандагони муассисаи мазкур интихоб карда шуданд ва гурӯҳи идоракунии офтаҳои табиӣ дар муассисаи мазкур ташкил карда шуд.