Дар Тоҷикистон 1008 нафар аз маризии коронавирус шифо ёфтанд

0
353

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо нашри як хабари хушоянд аз шифо ёфтани 1008 нафар тоҷикистониён аз вируси COVID -19 хабар дод.
Дар дармонгоҳҳои Тоҷикистон феълан 3253 нафар зери назорати табибон қарор доранд, хабар медиҳад котиботи Вазорати тандурустии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, санаи 21. 05. 2020  боз 611 нафар аз ин вирус шифо ёфта, аз бемористоҳо мураххас шуданд. Ба ҳамин минвол, теъдоди умумии шифоёфтагон аз маризии коронавирус дар Тоҷикистон ба 1008 нафар баробар шудааст.
Гузашта аз ин, вазорат теъдоди қурбониёни ин маризиро 44 нафар арзёбӣ каард.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.