Дар шаҳри Душанбе Конференсияи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон баргузор гардид

0
545

23 январи соли 2024 дар толори Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ҷаласаи Конференсияи марказии ҶҲАТ бо иштироки аъзоён ва кормандони Ҷамъият баргузор гардид.

Ҷаласаро президенти ҶҲАТ Қурбонов Саид Сафарович ҳусни оғоз бахшид. Дар он тибқи рӯзнома масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:

– Баррасии ҳисоботи муовини Котиби генералии ҶҲАТ оид ба натиҷаи фаъолият дар соли 2023;

– Баррасии ҳисоботи  фаъолияти Комиссияи марказии назорати дохилии ҶҲАТ;

– Баррасии ҳисоботи  Комиссияи молиявии ҶҲАТ дар соли 2023;

– Баррасии Нақша-чорабиниҳои моҳвораи ҶҲАТ барои соли 2024;

– Баррасии Нақшаи кории дастгоҳи иҷроияи кумитаи марказии ҶҲАТ барои соли 2024»;

– Дар бораи таъсиси Гурӯҳи корӣ оид ба барасии зарурияти фаъолияти филиалҳои ҶҲАТ;

– Дар бораи тасдиқи буҷети Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои соли 2024.

Дар ҷаласаи Конференсияи марказии ҶҲАТ ба ғайр аз масъалаҳои Рӯзнома ҳамчунин котибони иҷроияи филиалҳои вилоятӣ ва минтақавии ҶҲАТ ба таври мухтасар оид ба иҷрои фаъолияти солонаи худ маълумот доданд.

Ҳамаи масъалаҳои рўзнома мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба онҳо қарорҳои далдор қабул гардиданд.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, ш. Душанбе, 23 январи соли 2024