Дастгирии беморони норасоии масъунияти одам

0
1695

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО/АНМО) дар ҳамдастӣ бо шарикони рушд ва сохторҳои марбутаи давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои мухталиф, аз ҷумла иқдомҳои иттилоотию таблиғотӣ, озмунҳо дар ин самт дар байни донишҷўён, ҷавонон оид ба хавфи ин беморӣ, роҳу усулҳои мубориза ва пешгирии он барпо намуд.
Аз ҷумла, 30 ноябри соли 2018, Ҷамъият бо дастгирии Раҷабов Ғафур, директори Маркази дилхушии кўдаконаи “Мадагаскар”-и шаҳри Душанбе барои 40 нафар беморон ва маъюбон барномаи фарҳангию фароғатиро ба таври ройгон ташкил намуда, онҳоро бо хўроки нисфирўзӣ таъмин намуд. Инчунин, Раҷабов Ғафур, ба ҶҲАТ 1200 сомонӣ маблағ барои харидани тӯҳфаба 13 нафар кўдакони бемор барои расмҳои кашидаашон ҷудо намуд. Дар маросими тақдими тўҳфаҳо роҳбарияти ин Марказ, намондагони Маркази ҷумхуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ва дигарон иштирок намуданд.
Ҳамзамон, 30 ноябри соли 2018 бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон консерти хайриявиро бо иштироки ҳунарпешаҳои маҳбуб ва саховатпешаи ҷумҳурӣ дар толори Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷўраев доир намуд.
Дар ин консерт 100 нафар кўдакони гирифтори ВНМО ва 30 нафар кўдакони дорои маъюбият иштирок намуданд. 28 декабри соли 2018 аз маблағи консерти хайриявӣ ҷамъшуда бо пешниҳоди Маркази ҷумхуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО маводҳои хўроквории ниёзи аввал, аз қабили, орд, равған, макарон, шакар, биринҷ, марҷумак, нахуд ва шири қиёмшуда харидорӣ карда шуда, ба 70 нафар кўдакони гирифтори ВНМО дар шаҳри Душанбе тақсим карда шуд.
Дар умум ҶҲАТ ба 190 кўдакони гирифтори ВНМО ва 50 нафар кўдакони дорои маъюбият дар шаҳри Душанбе кўмак намуд.
ҶҲАТ ба нафароне, ки дар гузаронидани ин чорабиниҳо саҳми худро расониданд, арзи сипос менамояд.