Дастгирии ниёзмандон дар моҳи шарифи Рамазон

0
1864

 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар дар моҳи шарифи Рамазон ба табақаҳои ниёзманди ҷумҳурӣ кўмак намуд.
Ин кўмак аз маводҳои хўрокаи ниёзи аввалиндараҷа, аз қабили орд, равған, макарон ва донагиҳо ба 560 оилаҳои ниёзманд ва бастаҳои гигенӣ ба 200 оилаи ниёзманд иборат буд.
Ёодовар мешавем, ки кўмаки мазкур аз 30 апрел то охири моҳи шарифи Рамазон ба ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Рўдакӣ ва шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор ва Роғуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда шуданд.