Дастгирии оилаи ниёзманд дар ноҳияи Ёвон

0
229

Дар моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби сохторҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар якқатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ниёзмандон, аз қабили ятимон, маъюбон, беморон ва дигар табақаҳои ниёзманди кишвар кӯмаки хайриявӣ идома дорад.

Имрӯз, чунин амали хайрхоҳона аз ҷониби намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон таввассути филиали Ҷамъият дар ноҳияи Ёвон ба як нафар оилаи ниёзманди сокини деҳаи Санҷитаки ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон, ки 2 нафар ятими кул ва як нафар маъюб дорад, кӯмаки хӯрокворӣ расонида шуд.

Кӯмаки мазкур аз 2 халта орд, 6 литр равғани растанӣ, 6 кг биринҷ, 6 кг шакар, 6 кг макарон, 6 кг лӯбиё, 6 кг мош, 1 кг чойи хушк ва 2 кг намак, иборат буд.