Идомаи баргузории семинар дар доираи лоиҳаи «Аутрич»

0
1326

Аз санаи 16 то  21 сентябри соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаи «Аутрич» дар ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Восеъ оид ба пешгирии хушунати хонаводагӣ нисбат ба занону духтарон ва дастрасии хизматрасониҳо дар самти мубориза алайҳи бемории коронавирус, бо ташаббуси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар оғози семинар ҳамоҳангсози барнома Нодир Аминзода оид ба фаъоияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ҳамчунин дар хусуси моҳияти татбиқ намудани лоиҳаи «Аутрич» ба ҳозирин маълумот дод. Тибқи нақшаи корӣ, тренери варзида Зебунисо Шарипова рӯзи аввали семинар дар хусуси роҳҳои пешгирӣ аз зӯроварӣ ва хушунати хонаводагӣ, машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронид ва сипас рӯзи дувум ҷиҳати натиҷагирӣ аз семинар дарсҳои назариявиро дар амал татбиқ намуд. Бояд гуфт, волонтёрон дар ҷараёни дарсҳои амалӣ бо сокинон вӯхурӣ намуда, оид ба пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ, паёмади манфии он ва дигар масоили марбут ба зӯровариро мавриди таҳилу баррасӣ қарор доданд. Лозим ба зикр аст, ки дар доираи семинарҳои омӯзишӣ 20 нафар волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва кормандони марказҳои буҳронӣ ҷиҳати такмил додани малакаи корӣ, фарогирифта мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории семинару омӯзишҳои амалӣ дар доираи лоиҳаи «Аутрич» дар 6 шаҳру навоҳии кишвар, аз ҷумла ноҳияи Рӯдакӣ, ноҳияи Ёвон, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ноҳияи Восеъ ва шаҳри Ҳисору Исфара то санаи 30 сентябр идома меёбад. Тавре иттилоъ дода шуд, дар доираи ин лоиҳа аз санаи 16 то 21 сентябр дар ноҳияи Рӯдакӣ, Восеъ ва шаҳри Ҳисор семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардид.