Идомаи Тренинги техникии панҷрӯза оид ба «Асосҳои паноҳгоҳ»

0
1724

17 июн дар доираи Лоиҳаи «Омодагӣ ба воридшавии эҳтимолии гурезагон (Emergency Appeal: MDR65006, Population Movement)» Тренинги техникӣ оид ба «Асосҳои паноҳгоҳ» барои кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) кори худро идома дод.

Дар ин рӯз асосан дар мавзӯъҳои ташкили урдугоҳҳо (лагерҳо), тарзи дурусти рост намудани хаймаҳо барои осебдидагон ва ё гурезагон, меъёрҳо ва стандартҳои гузоштани хаймаҳо, сохторҳои ташкили лагерҳо дар паноҳгоҳи башардӯстона ва ғайра маълумоти муҳиму зарурӣ пешниҳод карда шуданд.

Тренер аз намояндагии ФБҶСС ва ҲА дар Тоҷикистон Санҷай Мухерҷӣ дар ин бобат сухан гуфта, баён намуд, ки қисмати асосии хайма ва лагерҳо ин муҳофизатӣ аст.

«Лагерҳо мувофиқи талабот ва стандартҳои Сфера бояд ташкил карда шаванд. Меъёрҳои Сфера барои мо қоидаҳои асосӣ маҳсуб мешаванд. Дар доираи имкониятҳо ва иқтидорҳо бояд амал кард. Паноҳгоҳи башардӯстона дар ҳамоҳангсозӣ бо мақомоти давлатӣ, қудратӣ ва ташкилотҳо бояд ташкил карда шаванд», – тазаккур дод ӯ.

Пас аз нисфирӯзӣ аз ҷониби иштирокдорони тренинг, ки ба 5 гурӯҳи корӣ ҷудо карда шуданд, дар майдони пешниҳодшуда тарзи дурусти рост намудани хаймаҳо ва ба ин васила ташкили паноҳгоҳи башардӯстона дар амал нишон дода шуд.

Пас аз бардошт аз қисми назариявӣ, иштирокдорон тавассути машқи симулятсионӣ донишу малакаи худро дар самти омодасозии комплекси HUMANITARIAN SHELTER (Паноҳгоҳи башардӯстона) пешниҳод намуданд.

Зимни гузаронидани машқи амалӣ кори гурӯҳӣ ё худ даставӣ хуб эҳсос карда шуд.

Ҳамин тавр, рӯзи чоруми Тренинги техникии панҷрӯза дар мавзӯи «Асосҳои паноҳгоҳ», ки тибқи Нақшаи кории ДИ КМ ҶҲАТ бо дастгирии молиявии ФБҶСС ва ҲА баргузор гардида истодааст, ба охир расид.