15 июн дар доираи Лоиҳаи «Омодагӣ ба воридшавии эҳтимолии гурезагон (Emergency Appeal: MDR65006, Population Movement)» дар деҳаи Алмосии шаҳри Ҳисор Тренинги техникии панҷрӯза оид ба «Асосҳои паноҳгоҳ» барои кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) кори худро идома дод.
Тренинги мазкур тибқи Нақшаи кории ДИ КМ ҶҲАТ, аз ҷумла Шуъбаи ҳолатҳои фавқулода бо дастгирии молиявии Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар доир гашта истодааст.
Дар рӯзи дуюм, ки дар он роҳбарият, сардорон ва кормандони шуъбаҳои ДИ КМ ҶҲАТ ва ҳамоҳангсозони Марказҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи ҶҲАТ дар вилояти Суғд, ВМКБ, минтақаҳои Бохтар ва Рашт иштирок доранд, сардори Шуъбаи ҳолатҳои фавқулода Шуҳрат Сангов ва менеҷери лоиҳа, тренер аз намояндагии ФБҶСС ва ҲА дар Тоҷикистон ҷаноби Санҷай Мухерҷӣ дар мавзӯъҳои муҳофизати осебдидагону зарардидагон аз омилҳои беруна, бехатарӣ ва моликияти хусусӣ, масъалаҳои саломатӣ, иштироки худи аҳолии зарардида дар корҳои барқарорсозӣ, истифодаи таҷрибаҳои кишварҳои дигар, интихоби мавзеи аз ҳар ҷиҳат мувофиқу мусоид, интихоби пайроҳаи дуруст, 9 воситаи расонидани кумак ба осебдидагон, комплекси HUMANITARIAN SHELTER (Паноҳгоҳи башардӯстона) ва ғайра маълумоти зарурӣ пешниҳод намуданд.
Дар қисмати дуюми рӯз суҳбат дар атрофи Китоби «СФЕРА» сурат гирифт. Гуфта шуд, ки китоби мазкур дар бораи риояи қоидаҳои оддитарини расонидани кумак дар ҳолатҳои фавқулода, босифат ва самаранок расонидани кумак ба зарардидагон маълумоти муфассал медиҳад.
Китоби «СФЕРА» барои кормандони ҶҲАТ ҳамчун роҳнамо (роҳбалад) хизмат менамояд. Он дар асоси Одобномаи ФБҶСС ва ҲА таҳия шудааст.
Дар интиҳои рӯзи дуюми тренинг низ иштирокдорон назарияи азхуднамудаи худро бо иҷрои кори амалӣ нишон доданд.
Ҳамин тавр, рӯзи дуюми тренинги техникии панҷрӯза дар мавзӯи «Асосҳои паноҳгоҳ» ба фарҷом расида, он имрӯз, 16 июн низ идома дорад.