Икдоми хайрияви дар шахри Хучанд

0
1866

20 феврали соли 2021 дар назди Театри давлатии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Парвиз Ҷабборзода, Котиби иҷроияи бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ЧХАТ) дар вилояти Суғд барои иштирокдорони ярмарка-фурӯши ниҳолҳо ва маҳсулоти кишоварзӣ икдоми хайриявӣ ташкил карда шуд.

Дар ин чорабинӣ Раҳимов Рафиқҷон, муовини Котиби бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд бо ҳамроҳии Рӯзиева Ширин, Котиби иҷроияи бахши ҶҲАТ дар шаҳри Хуҷанд ва волонтёрони ҶҲАТ ба иштирокдорони ин чорабинии бошукӯҳ чой ва қаҳваи гарм бо шириниҳо ба таври ройгон пешниҳод намуданд. Инчунин аз фурсати муносиб истифода бурда, байни аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ оид ба фаъолияти  ҶҲАТ, пешгирии бемориҳои сироятии COVID-19, сил ва ВНМО тақсим карда шуданд.

 Дар навбати худ, аз ҷониби ниҳолпарварон  ба кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ба таври ройгон пешниҳод карда шуданд.  Ин ниҳолҳо рузҳои наздик дар назди муассисаҳои иҷтимоӣ аз тарафи кормандон, аъзоён ва волонтёрони ҶҲАТ дастаҷамъона шинонида хоҳанд шуд.

Ҷоизи қайд аст, ки чунин икдомҳо ҳамасола ташкил карда мешаванд ва намояндагони ташкилот низ  фаъолона дар он иштирок меварзанд.

Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд, шахри Хучанд, 22 феврали соли 2021