Шурӯъ аз моҳи октябри соли 2019 фаъолияти барномаи «Барҳамдиҳии бемориҳои сил дар Осиёи Марказӣ» роҳандозӣ гардидааст, ки дар ҳошияи он 100 нафар волонтёрҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар 5 ноҳияи вилояти Суғд аз ҷумла навоҳии Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрҳои Исфараву Хуҷанд бо усули хона ба хона ба 154 нафар гирифтори сили мутобиқгашта кўмакҳои тиббию иқтисодӣ намуданд. Бино ба иттиллои Илҳом Раҳимов сардори шуъбаи тибби-иҷтимоии ҶҲАТ дар чаҳорчӯбаи барномаи «Мубориза алайҳи бемории сил» ба хотири муайян намудани гирифторони бемории сил дар минтақа мониторинги ҳармоҳа гузаронида мешавад. Илҳом Раҳимов сардори шуъбаи тибби-иҷтимоии ҶҲАТ мегўяд, ки мониторинг боиси зудтар муайян кардани бемории силу табобати он мегардад. Бо дарназардошти хуруҷи пандемияи коронавирус COVID-19 ва осебпазир будани гирифторони бемории сил ба бемории мазкур шуъбаи тибби-иҷтимоии ҶҲАТ фаъолияти худро дар ин самт тақвият дод. Ҳамакнун ҳарчӣ бештар аз пештар ба ин қабил одамон (гирифторони бемории сил) дар баробари корҳои фаҳмондадиҳӣ кўмаки равонӣ менамоянд. Ҳамзамон ба хотири коҳиш додани бемории сил рўзҳои 4-5-уми моҳи июн семинари омўзишии дурўза дар Кумитаи марказии ҶҲАТ таҳти унвонии “Ташкили корҳо дар байни ҷомеа оид ба беҳтар кардани ошкоркунии бемории сил дар байни гурўҳҳои асосии аҳолӣ, инчунин зиёд кардани ӯҳдадорӣ вобаста ба табобати беморони сили, шаклҳои тобовар ба доруворӣ” баргузор гардид, ки дар он мутахассисони соҳа қисмати афкор намуданд.
Ёдрас мешавем, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Хазинаи Глобалӣ маводи доруворӣ ба ашхоси гирифтори бемории сил ройгон пешниҳод мегардад.