Имзои Созишнома байни Чамъияти Хилоли Аҳмари Точикистон ва Маркази имдод ва кумакхои хайриявии Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

0
2079

Боиси хушнудист, ки имруз, яъне 30 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе Созишномаи байни Чамъияти Хилоли Аҳмари Точикистон (ЧХАТ) ва Маркази имдод ва кумакҳои хайриявии Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба огози лоиҳаи «Сарпарастии ятимон дар Тоҷикистон» дар соли 2022 ба имзо расид. Созишномаи мазкур аз чониби роҳбарияти Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон ва намояндаи Маркази имдод ва кумакхои хайриявии Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ дар идораи сафорати Шоҳигарии Арабистони Сауди дар Чумҳурии Точикистон ба имзо расид.
Тавассути лоиҳаи «Сарпарастии ятимон дар Тоҷикистон» дар давоми 12 моҳ, 600 нафар кўдакони ятим дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ дастгири меёбанд. Дастгирии ҳар як кӯдаки ятим тавассути кушодани корти бонкӣ ба онҳо амали гардида, мувофиқи Созишнома ҳар моҳ маблағи 100 доллари ИМА бо курби асъори миллии Точикистон Сомони ба корти бонкии ҳар як ятими интихобшуда мегузарад.
Лоиҳаи мазкур барои дастгирии 500 нафар кўдакони ятими шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Норак, Хуросон, Бохтар, Кушониён, Вахш, Леваканд, Ёвон, А.Ҷомӣ, Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритуз, Панҷи вилояти Хатлон ва 100 нафар кўдакони ятими шахри Хоруг ва ноҳияи Шуғнони ВМКБ равона гардидааст. Бо мувофиқа ва пешниҳоди рӯйхатҳо аз тарафи Макомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои болозикр 600 нафар кўдакони ятим номнавис гардида, ҳуҷҷатҳои онҳо пурра дар маҳзани иттилоотии ЧХАТ сабт гардидаанд.
Бояд кайд намуд, ки бори аввал 4 феврали соли 2020 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо Маркази имдод ва кумакхои хайриявии Шоҳ Салмони Шохигарии Арабистони Саудӣ, ки таи чанд сол боз шарики доимии ҶҲАТ ба ҳисоб рафта, якчанд лоиҳахоро дастгирӣ намудааст, оид ба лоиҳаи “Сарпарастии ятимон дар Тоҷикистон” созишнома ба имзо расида буд. Тавассути ин Созишнома 500 нафар кўдакони ятим аз 16 шахру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастгири ёфтаанд. Муҳлати татбиқи лоиҳа тибқи созишнома як сол буда, ҳар як кӯдак дорои корти бонкӣ гардид, ки мувофиқи он ҳар моҳ маблағи 100 доллари ИМА бо курби асъори миллии Точикистон Сомони ба корти бонкии ятимони интихобшуда мегузашт. Ин лоиха моҳи июли соли 2021 ба анҷом расида буд.
Хамзамон бояд иттилоъ дод, ки айни замон дар Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон ду лоиҳа оид ба дастгирии ятимон амал менамояд, ки онҳо аз чониби Маркази имдод ва кумакҳои хайриявии Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Чамъияти Хилоли Ахмари Аморати Муттаҳидаи Араб дастгири ёфта, дар мачмуъ 1414 нафар кўдакони ятимро дар шаҳру ноҳияҳои Чумҳурии Точикистон дастгири менамояд.
Маркази иттилооти ЧХАТ, шаҳри Душанбе, 30 марти соли 2022