Имзои Созишнома бо Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ

0
1967

17 феврали соли 2022 дар шаҳри Душанбе миёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ва Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ созишнома оид ба расонидани кумак дар шакли маводи озӯқавории ниёзи аввал ба қишри ниёзманди аҳолии Тоҷикистон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба имзо расид.

Созишномаро котиби генералии ҶҲАТ Баҳодур Қурбониён ва намояндаи Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба имзо расониданд.

Тибқи созишномаи баимзорасида, кумаки мазкур барои зиёда аз 9 ҳазор оилаҳои ниёзманди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз соли 2016 инҷониб яке аз шарикони боэътимоди ҶҲАТ ба хисоб меравад.

Маркази итилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 18 феврали соли 2022

The signing of an agreement between RCST and the King Salman Humanitarian aid and Relief Center of the Kingdom of Saudi Arabia

An agreement on providing food aid to the needy population of Tajikistan on the eve of the holy month of Ramadan was signed on February 17, 2022 in Dushanbe between the Red Crescent Society of Tajikistan (RCST) and the King Salman Humanitarian aid and Relief Center of the Kingdom of Saudi Arabia.

The agreement was signed by the Secretary General of the RCST Bahodur Qurboniyon and a representative of the King Salman Humanitarian aid and Relief Center of the Kingdom of Saudi Arabia.

According to the agreement, this assistance will be provided to more than 9,000 vulnerable people in the Republic of Tajikistan.

It should be noted that the King Salman Humanitarian aid and Relief Center of the Kingdom of Saudi Arabia since 2016 has been one of the reliable partners of the RCST.

Information Center of the RCST, Dushanbe, February 18, 2022