Иштироки кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҷаласаи сеюми гурӯҳи кории муҳоҷират 17-18 феврали соли 2025, ш. Алмато, Қазоқистон

0
63

Кормандони шуъбаи ҳолатҳои фавқулодаи ҶҲАТ дар ҷаласаи сеюми гурӯҳи кории муҳоҷират, ки дар шаҳри Алматии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуданд. Ин нишаст таҳти унвони «Тақвияти ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор шуда, масъалаҳои марбут ба муҳоҷират, таъсири тағйирёбии иқлим ва ҳамкориҳои минтақавиро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҳайати намояндагии ҶҲАТ, иборат аз менеҷери барномаи «ECHO PP» Фахриддин Каримов, мутахассиси мониторинг ва ҳисоботи барномаи «ECHO PP» Фаридун Юсуфҷонов ва ҳамоҳангсози барномаи «FbA» Мустафо Раҳматшо дар муҳокимаҳои марбут ба дастгирии муҳоҷирон, муҳоҷирати вобаста ба тағйирёбии иқлим ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда саҳми фаъол гузоштанд. ҶҲАТ таҷрибаи худ дар Тоҷикистон, аз ҷумла арзёбии хатари иқлим ва стратегияи дастгирии муҳоҷирон ва гурезаҳои осебпазирро муаррифӣ кард.

Ҷаласа муҳимияти ҳамкории минтақавиро ҷиҳати ҳалли мушкилоти муҳоҷират ва тағйирёбии иқлим таъкид намуд. ҶҲАТ омодааст ҳамкориро бо Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (IFRC) ва шарикони дигар барои тақвияти устуворӣ ва дастгирии ҷомеаҳои ниёзманд идома диҳад.

ҶҲАТ вазъи муҳоҷиратро шарҳ дода, тамоюлҳои меҳнатӣ, мушкилоти мутобиқсозӣ ва омилҳои иқтисодиии муҳоҷиронро баррасӣ намуд. Фаъолиятҳои кӯмаки равонию иҷтимоӣ (PSS) ва барқарорсозии робитаҳои оилавӣ (RFL) ҳамчун самтҳои авлавиятноки ҷамъиятҳои муайян гардидаанд. Дар муҳокимаи ҳамкорӣ ҶҲАТ рушди барномаҳои мутобиқсозӣ, баланд бардоштани огоҳӣ ва банақшагирии ҳолатҳои фавқулодаро пешниҳод кард.

Дар рӯзи дуюм тағйирёбии иқлим ҳамчун омили муҳоҷират баррасӣ шуд. ҶҲАТ таҷрибаи «EW4All»-ро муаррифӣ кард. Масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳо дар самти рушди стратегияи муҳоҷирати ҷамъиятҳои миллӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳокима шуданд.

ҶҲАТ дар ҷаласаи сеюми гурӯҳи кории муҳоҷират иштироки фаъол нишон дода, тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо шарикони минтақавӣ идома дода, ташаббусҳои пешниҳодшударо татбиқ ва механизмҳои дастгириро барои муҳоҷирон дар Осиёи Марказӣ тақвият диҳад.