16-17 ноябри соли 2022 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон вохурии роҳбарони Ҷамъиятҳои миллӣ оид ба муҳоҷират, дипломатияи башардустӣ ва рушди ҷамъиятҳои миллӣ доир гардид.
Дар ин вохурӣ намояндагони Ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмари кишварҳои Осиёи Миёна иштирок намуда, оид ба масъалаҳои гуногун дар самти муҳоҷират, корҳои башардустӣ ва рушди ояндаи ҷамъиятҳои миллӣ баромадҳо ва пешниҳодҳо намуданд.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Дилором Мирова, муовини Котиби генералӣ, Нуралӣ Одинаев, ёрдамчии Котиби генералӣ ва Муноҷон Шумқоров, мутахассиси шуъбаи рушд ва ҳамкориҳои байналмилали муаррифӣ намуданд.