Аз 22 то 26 июли соли 2023 дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ панҷумин вохурии машваратӣ байни Кумитаи исломии Хилоли Аҳмари байналмилалӣ ва Ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурхи кишварҳои аъзои созмони исломӣ баргузор мегардад.
Дар ин чорабинӣ ҳайати Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ)-ро Файзализода Нурулло, муовини якуми котиби генералии ҶҲАТ ва Одинаев Нуралӣ, ёрдамчии котиби генералии ҶҲАТ муаррифӣ менамоянд.
Чорабиниро аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи исломии Хилоли Аҳмари байналмилалӣ ва Ҳилоли Аҳмари Арабистони Саудӣ ифтитоҳ намуданд.
Намояндагони ҶҲАТ ҷиҳати густариши ҳамкориҳо тавонистанд бо якчанд намояндагони Ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх вохуриҳои дуҷониба анҷом диҳанд.
Маркази иттилооти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, 25 июли соли 2023