Рӯзи дави миллӣ имсол рӯзи якшанбеи 21 май дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои чумҳурӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, баргузор гардид.
Ҳар сол, рузи якшанбеи сеюми моҳи май, дар Тоҷикистон Рӯзи дави миллӣ баргузор мешавад, ки ҳадафи он таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани он дар саросари кишвар мебошад.
Дар дави имсола иштироккунандагон дар ҳайати намояндагони сохторҳои давлатӣ, омӯзгорону донишҷӯён, намояндагони корхонаҳои хусусӣ, ташкилоту созмонҳои миллӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзиданд. Ба ғолибону иштирокчиёни фаъол тӯҳфаҳои кумитаи тадорукоти рӯзи дави миллӣ супурда шуданд.
Кормандон ва волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) низ дар шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, ВМКБ, Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияхои тобеи ҷумҳурӣ дар ин иқдом бо шиору овезаҳо фаъолона иштирок намуданд.
Ба Дави миллӣ хурду калон баромада буданд.
Дави солимӣ, ки боз номҳои дигар–давидани олимпӣ, давидани миллӣ ҳам дорад, дунёро тасхир карда, дар ҳама ҷбо чун воситаи беназир нигаҳдорӣ ва барқароркунии саломатӣ, обутобёбии ҷисмонии хуб шинохта шудааст.
Маркази иттилооти ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 22 майи соли 2023