Иштироки роҳбарияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар чорумин форуми байналмилалии башардустӣ лар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

0
438

24-25 феврали соли 2025 дар пойтахти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, шаҳри Ар-Риёз чорумин Форуми байналмилалии башардустӣ барпо мегардад.

Дар ин форум Қурбониён Баҳодур, котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Парвина Назирова, танзимгари лоиҳаи “Сарпарастии ятимон” иштирок менамоянд.

Чорабинӣ аз ҷониби Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи “Малик Салмон”-и Арабистони Саудӣ (KSrelief) дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои башардӯстонаи он дар шаҳри Ар-Риёз ташкил карда шудааст.

Зимни суханронии ифтитоҳӣ, сарвари кулли Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи “Малик Салмон”-и Арабистони Саудӣ, доктор Абдуллоҳ бин Абдулазиз Ал Рабиа иштирокчиёнро ба Риёз хайрамақдам намуд.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ ҳамчунин меҳмонони оилиқадр, аз ҳукумати шаҳри шаҳри Риёз ва Созмони миллали муттаҳид  баромад намуданд.

Сарвари кулли Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи “Малик Салмон”-и Арабистони Саудӣ қайд намуд, ки  “Мо имрӯз дар ҳоле вомехӯрем, ки ҷаҳон шоҳиди офатҳои зиёд, бӯҳронҳо, низоъҳо ва ҳодисаҳост, ки вазъи башардӯстонаро шадидтар ва чолишҳои онро зиёд кардааст.”

Вай таъкид кард, ки чорабинии имрӯза тақозо мекунад, ки талошҳои муштарак ва тавсеаи бештари донорҳо, давлатҳо, ниҳодҳо ва афроди алоҳида ва боло бурдани сатҳи ҳамоҳангсозӣ ва таъсири кумакҳои башардӯстонаро баҳри муассиртар шудани кор, бештар намоем.

Ҳангоме ки дар Форуми 4-уми байналмилалии башардӯстона дар Риёз ҷамъ мешавем, мо дар ӯҳдадории худ дар ҳалли мушкилоти мубрами башардӯстона дар ҷаҳон якдил ҳастем. Мавзӯи имсолаи Форум – ин “Муайян кардани ояндаи вокуниши башардӯстона” зарурати фаврии амалиёти дастаҷамъиро дар манзараи беш аз пеш бесобиқаи ҷаҳонӣ инъикос менамояд.

Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи Малик Салмон (KSrelief) ифтихор дорад, ки дар сафи пеши ин талошҳо қарор дорад ва барои сабук кардани ранҷу азоб ва умед ба эҳтиёҷмандон пайваста кор мекунад. Ҳадафи онҳо мусоидат намудан ба ҳамкорӣ, мубодилаи дониш ва татбиқи роҳҳои ҳалли инноватсионӣ барои бӯҳронҳои башардӯстона мебошад.

Ин форум ҳамчун як платформаи муҳим барои муколама хидмат мекунад, ки роҳбарон, коршиносон, сиёсатмадорон ва таҷрибаомӯзонро аз саросари ҷаҳон муттаҳид мекунад. Якҷоя, равишҳои инноватсионии кӯмаки башардӯстонаро омӯхта, нақши технологияро дар вокуниш ба бӯҳрон баррасӣ намуда ва мушкилотеро, ки дар натиҷаи тағирёбии иқлим, низоъ ва муҳоҷират ба миён меоянд, ҳал хоҳад кард.

Аз ин фурсат пурра истифода бурда, то бори дигар садоқати худро ба принсипҳои башардӯстона тасдиқ намоем ва ба сӯи ҷаҳони дилсӯзтар, устувортар ва одилона кор кунем.

Форуми байналмилалии башардӯстонаи Риёз (RIHF) дар ҳар ду сол як маротиба  дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ташкил карда мешавад. Дар RIHF роҳбарони кӯмакҳои башардӯстона, сарпарастон, таҷрибаомӯзон, муҳаққиқон ва дигарон барои пешбурди муколама оид ба механизмҳои қонунгузорӣ, иттилоотӣ ва логистикӣ барои расонидани кӯмаки башардӯстона иштирок менамоянд. Форум инчунин мушкилоти башардӯстонаро баррасӣ намуда, роҳҳои ҳалли амалии инноватсиониро мутобиқи принсипҳо ва стандартҳои байналмилалии башардӯстона ва мувофиқи ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони миллали муттаҳид меҷӯяд.

Зимни иштирок дар Форуми байналмилалии башардӯстӣ аз ҷониби  роҳбарияти ҶҲАТ ва Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи Малик Салмони Арабистони Саудӣ Созишнома оид ба лоиҳаи “Сарпарастии ятимон” ба имзо расид, ки тибқи он ба 1000 нафар кӯдакони ятими шаҳру ноҳияҳои фарогири лоиҳа кӯмаки молиявӣ тавассути кортҳои бонкии онҳо расонида хоҳад шуд.

Бояд қайд намуд, ки Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи Малик Салмон ба беш аз 106 кишвари чаҳор қитъаи ҷаҳон кумакҳои башардӯстона расонида, 3355 лоиҳаҳоро дар самтҳои гуногуни башардӯстӣ дастгирӣ намуда, бо беш аз 466 шарикон ҳамкорӣ менамояд. Марказ бо шарикони байналмилалӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ дар кишварҳои баҳрагиранда барои татбиқи лоиҳаву барномаҳо ва ташаббусҳои сершумор ба миллионҳо баҳрабардорон дар саросари ҷаҳон кӯмак мерасонад.

Маркази иттилооти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, 24 феврали соли 2025