Имрузҳо дар пойтахти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, шаҳри Ар-Риёз 3-юмин форуми байналмилалии башардустӣ барпо мегардад. Дар ин форум ҳайати Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо роҳбарии Қурбониён Баҳодур, котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Чорабинӣ аз ҷониби Маркази кӯмакҳои башардӯстона ва имдодии “Шоҳ Салмон”-и Арабистони Саудӣ (KSrelief) дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои башардӯстонаи он дар шаҳри Ар-Риёз ташкил карда шудааст.
Зимни суханронии ифтитоҳӣ, дабири кулли Маркази кӯмакҳои башардӯстона ва имдоди “Шоҳ Салмон”-и Арабистони Саудӣ, доктор Абдуллоҳ бин Абдулазиз Ал Рабиа иштирокчиёнро ба Риёз хайрамақдам намуд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ ҳамчунин раиси вилояти Риёз шоҳзода Файсал бин Бандар бин Абдулазиз ширкат кард.
Дабири кулли Маркази кӯмакҳои башардӯстона ва имдоди “Шоҳ Салмон”-и Арабистони Саудӣ қайд намуд, ки “Мо имрӯз дар ҳоле вомехӯрем, ки ҷаҳон шоҳиди офатҳои зиёд, бӯҳронҳо, низоъҳо ва ҳодисаҳост, ки вазъи башардӯстонаро шадидтар ва чолишҳои онро зиёд кардааст.”
Охирин аз ин фоҷиаҳо заминларзаи Туркия ва Сурия ва ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар ва бесарпаноҳ мондани миллионҳо нафар шудааст.
Вай таъкид кард, ки чорабинии имрӯза тақозо мекунад, ки талошҳои муштарак ва тавсеаи бештари донорҳо, давлатҳо, ниҳодҳо ва афроди алоҳида ва боло бурдани сатҳи ҳамоҳангсозӣ ва таъсири кумакҳои башардӯстонаро баҳри муассиртар шудани кор, бештар намоем.
Дар ин чорабинӣ аз ҷониби СММ ва созмонҳои байналмиллалӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ, инчунин роҳбарони фаъоли корҳои башардӯстона аз 50 кишвар ва наздик ба 60 созмон таваҷҷуҳи зиёд ва иштироки фаъолона доранд.
Мартин Грифитс, муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои башардӯстона ва ҳамоҳангсози кӯмакҳои изтирорӣ аз номи Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш суханронӣ намуд.
Дар ҳамин ҳол, доктор Ал-Рабеӣ ба тасвиби маблағ барои тарҳҳои нав ва гуногун барои афроде, ки аз заминларза дар Сурия ва Туркия осеб дидаанд, бо арзиши беш аз 183 миллион асъори Арабистони Сауди Риёл (SAR) ба имзо расонид.
Лоиҳаи аввал, ки арзишаш 75 миллион доллари амрикоӣ арзиш дорад, сохтмони 3000 хонаи истиқоматиро, ки аз заминларза осеб дидаанд, дар бар мегирад.
Лоиҳаи дуюм, ки арзишаш 40 миллион SAR аст, ба ятимоне, ки аз заминларза зарар дидаанд, сарпарастӣ хоҳад кард,
Лоиҳаи сеюм, ки арзишаш 18 миллион SAR аст, татбиқи барномаи ихтиёрӣ ба манфиати қурбониёнро дар бар мегирад.
Лоиҳаи чорум, ки арзишаш беш аз 17,8 миллион доллари амрикоӣ мебошад, хидматрасонии наҷотбахши тиббиро пешкаш менамояд.
Лоиҳаи панҷум, ки арзишаш беш аз 6,500,000 SAR мебошад, татбиқи барномаҳои наҷотбахши об ва беҳдоштро дар бар мегирад.
Лоиҳаи шашум, ки арзишаш беш аз 6,500,000 SAR мебошад, таъмини маводи ғизоии асосиро талаб мекунад.
Лоиҳаи ҳафтум, ки арзишаш беш аз 19,800,000 SAR мебошад, вокуниши фаврии тиббиро барои кумак ба осебдидагони заминларза дар Сурия дар бар мегирад.
Маркази иттилооти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, 21 феврали соли 2023