Иқдом оид ба Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар шаҳри Турсунзода

0
133

Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳри Турсунзода бо дастгирии лоиҳаи  лоиҳаи «Сафарбаркунии ҷомеа оид ба эмгузаронӣ», маъракаи иттилоотӣ баргузор гардид.

Ин чорабинӣ дар маркази саломатии деҳавии Батоши бо иштироки кормандони тиб, ҷамоат ва аҳолии деҳаи Батоши шаҳри Турсунзода баргузор гардид.

Дар оғоз аз ҷониби Аминзода Нодир, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ”-и ҶҲАТ оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад доир гардид.

Сипас, котиби иҷроияи филиали ҶҲАТ дар шаҳри Турсунзода Бегматов Абдуҳаким, ки тӯли 50 сол мешавад, ки дар самти башардӯстӣ фаъолият менамояд, оид ба фаъолияти ин филиал дар шаҳри Турсунзода  баромад намуд.

Баъди баромадҳо ба иштирокчиён саволҳои гуногун оид ба таъриху фаъолияти Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, бемориҳои сироятӣ, тарзҳои эмгузаронӣ ва ғайраҳо дода шуданд.

Ба иштирокчиёни фаъол аз ҷониби роҳбарияти филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.