Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Спитамен.

0
1894

 Санаи 25-26 май соли ҷорӣ, волонтёрони Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ноҳияи Спитамен дар доираи Лоиҳаи “Пешгирӣ аз ворид ва паҳншавии бемории сирояткунандаи коронавирус дар Тоҷикистон” корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус – COVID-19 дар байни шаҳрвандон ба роҳ монданд.
Дар ин рӯзҳо бо баландгӯяки нақлиёти хизматии Бозрасии давлатии автомобилии ноҳия дар кӯчаву маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва бозору марказҳои савдо Муроҷиатномаи ҶҲАТ-ро оид ба роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ба самъи сокинон ва фурӯшандагону харидорони ноҳия расониданд.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ бахусус дар кӯчаи марказии ноҳияи Спитамен, Ҷамоати шаҳраки Навкат – кӯчаҳои Э.Юсуфов, Спитамен, Ҳамза, Наврӯз, Ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоев – кӯчаҳои Б.Ғафуров, Наврӯз, Ҳ.Каримов, А.Назаров, Т.Ӯлҷабоев, Ҷамоати деҳоти Истиқлол – кӯчаи Саидамини деҳаи Сафедтеппа, кӯчаҳои Исмоилов ва Абдусатторови деҳаи Саидқалъа (Сатдқӯрғон), ҳамзамон дар даромадгоҳ ва дохили бозори марказии ноҳия ба роҳ монда шуд.
Тавассути баландгӯяки нақлиёти БДА ба шаҳрвандон – сокинони маҳаллаҳои шаҳр оид ба риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, бе зарурат набаромадан аз хона, риояи масофа ҳангоми сӯҳбат бо дигарон, ҳангоми зарурат ба кӯча ҳатман бо ниқоби тиббӣ баромадан, дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳо ва ё аломатҳои беморӣ зуд ба табибони оилавӣ ва ё ҳамшираҳои тибби оилавии маркази саломатии ҷои зист муроҷиат намудан маълумоти муҳиму саривақтӣ расонида шуданд.
Бино ба маълумоти Бозрасии давлатии автомобилии Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен дар давоми ду рӯз наздик 9 ҳазору 150 нафар шаҳрвандон ба корҳои фаҳмондадиҳӣ фаро гирифта шуданд.
Тавре иттилоъ дода будем, чунин тарзи корҳои фаҳмондадиҳӣ то ба санаи 30-уми майи соли равон дар шаҳри Исфара, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров ташкил ва гузаронида мешаванд.