Кумаки башардӯстона ба гурезагон дар ҷамоатҳои деҳоти Ғозиён ва Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

0
757
Имрӯз кумаки башардӯстонаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба гурезагони Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача, ки дар мактабҳои миёна, кӯдакистон ва чойхонаи ҷамоатҳои деҳоти Ғозиён ва Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир гардидаанд, расонида шуд.
Дар ҷараёни тақсимоти кумаки башардӯстона намояндагони КБСС, ҶҲАТ, шуъбаи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия ва кормандони ҷамоатҳои деҳот иштирок намуданд.
Дар натиҷаи баҳодиҳӣ ба вазъи ҷойгиршавӣ ва эҳтиёҷоти гурезагон, ки 17 сентябр гузаронида шуда буд, мувофиқи хоҳишу дархости худи онҳо барояшон маводи хӯрока, бастаҳои гигиенӣ ва ғайра дастрас карда шуданд.