Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба кумаки башардӯстона расонид. Бо дархости Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶҲАТ ба 15 оилаи пурра осебдидаи деҳаи Навобод дар ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмон Ҷомӣ кӯмак расонид. Ин кумак аз ҷиҳози бистар, болишт, рахти хоб, зарфи обгирӣ ва асбобҳои ошхона иборат мебошад, ки аз анбори Маркази вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи Ҷамъият дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба мавзеи офати табиӣ равон карда шуд.
Дар доираи кумаки мазкур, ба оилаҳое, ки бештар аз ҳама зарар дидаанд ва ё манзилҳои истиқоматиашонро пурра аз даст додаанд, инчунин оилаҳое, ки саробонашон зан, шахсони пиронсол, кўдакони хурдсол ва оилаҳое, ки бо дастгириҳои дигар ниҳодҳои дахлдор фаро гирифта нашудаанд, кумак расонида шудааст.
Тамоми раванди қабул, интиқол, дастрас ва тақсим намудани кумаки мазкур бо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон мувофиқа шудааст.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар маҳалли ҳодиса қарор дорад ва ба зарардидагон, махсусан занону кӯдакон, ёриҳои равониҷтимоӣ мерасонад.
***
Humanitarian assistance to families affected by the disaster in Jomi district of Khatlon region
The Red Crescent Society of Tajikistan has distributed bedding sets and kitchen items to families affected from earth motion in Abdurahmon Jomi district.
Heavy rains led to erosion of soil, which caused earth motion in village Navobod. The Red Crescent Society of Tajikistan is in disaster site, distributed bedding sets and kitchen items to 15 most affected households. The humanitarian assistance has been provided to most vulnerable, female-led families, families with elderlies and children, as well as those who were not covered by other stakeholders.
The whole process has been agreed and coordinated with the Committee of Emergency Situation of Tajikistan and local authorities.
The RCST experienced specialists are providing psycho-social support to affected families, especially women and children.