Кумаки моддӣ ба Мактаб-интернати хонандагони лаёқатманди деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ

0
1579

29 январи соли равон дар доираи фаъолияти башардӯстонаи худ Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ба Мактаб-интернати хонандагони лаёқатманди деҳаи Кадучии Ҷамоати деҳоти Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеи вилояти Хатлон кумаки хайриявӣ дар шакли маводи хӯрока расонид.

Кумаки мазкур аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равғани растанӣ, шакар, биринҷ, наск, нахуд, марҷумак, намак, чойи хушк, лӯбиё, гӯшт, макарон ва шири қоқ иборат буда, барои 85 нафар нимятимоне, ки шабонарӯзӣ дар мактаб-интернат қарор доранд, пешбинӣ шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дастгирии ниёзмандон, аз ҷумла маъюбон, маризон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти ҶҲАТ ба хисоб рафта, Ҷамъият дар ин самт ҳамеша барои дастгирии онҳо чораҳои саривақтӣ меандешад.