Кумаки рамазонии Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тавассути Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ниёзмандони шаҳри Душанбе

0
2012
????????????????????????????????????

Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо мақсади дастгирии оилаҳои камбизоат бо мусоидати Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба 9 625 (нуҳ ҳазору шашсаду бисту панҷ) нафар ниёзмандони 13 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар арафаи моҳи шарифи Рамазон дасти кумак дароз менамояд.
Ин кумак аз лиҳози орд (50кг), равғани растанӣ (3 литр) ва дигар маҳсулоти озуқавории ниёзи аввал ба ҳар як нафар ниёзманд, аз қабили шахсони дорои маъюбият, дардмандон, пиронсолони яккаву танҳо ва дигар ниёзмандони шаҳрҳои Душанбе (2975 нафар), Роғун (300), Кӯлоб (800 нафар), Истиқлол (500 нафар), Бӯстон (150 нафар), Ваҳдат (800 нафар), ноҳияҳои Айнӣ (500 нафар), Данғара (800 нафар), Файзобод (300 нафар), Сангвор (300 нафар), Рашт (800 нафар), Варзоб (100 нафар) ва шаҳру ноҳияҳои ВМКБ (1300 нафар) аз 31 март то аввали моҳи апрели соли 2022 таввасути кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ тақсим карда мешавад.
Имрӯз, 31 март, тақсимоти кумаки мазкур дар шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар тақсимот роҳбарияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, намояндагони Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шох Салмон ва Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Котиби Генералии ҶҲАТ Баҳодур Қурбониён иттилоъ дод, ки дастгирии ниёзмандон, аз ҷумла шахсони дорои маъюбият, маризон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҷамъият ба ҳисоб рафта, ташкилот дар ин самт ҳамеша тадбирҳо меандешад.
«Ин кумак натиҷаи ҳамкории мутақобилан судманди байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба ҳисоб меравад», – зикр намуд ӯ.
Ёдовар мешавем, ки 17 феврали соли 2022 дар шаҳри Душанбе миёни ҶҲАТ ва Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон созишнома оид ба расонидани кумак дар шакли маводи озӯқавории ниёзи аввал ба қишри ниёзманди аҳолии Тоҷикистон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба имзо расид.
Қобили зикр аст, Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз соли 2016 инҷониб яке аз шарикони боэътимоди ҶҲАТ ба хисоб рафта, дар айни замон, тавассути Ҷамъият лоиҳаи башардӯстона ҷиҳати дастгирии ятимон бо дастгирии Марказ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ амалӣ мегардад.
Дирӯз, 30 март дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба оғози лоиҳаи «Сарпарастии ятимон дар Тоҷикистон» дар соли 2022 ба имзо расид. Созишномаи мазкур аз ҷониби роҳбарияти Ҷамъият ва намояндаи Марказ дар Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Дар марҳилаи дуюми лоиҳаи мазкур дар давоми 12 моҳ 600 нафар кӯдакони ятим дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ дастгирӣ меёбанд. Дастгирии ҳар як кӯдаки ятим тавассути кушодани корти бонкӣ ба онҳо амалӣ гардида, мувофиқи Созишнома ҳар моҳ маблағи 100 доллари ИМА бо қурби асъор миллии Тоҷикистон – сомонӣ ба корти бонкии ятимони интихобшуда мегузарад.
Лоиҳаи мазкур барои дастгирии 500 нафар кӯдакони ятими шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Норак, Хуросон, Бохтар, Кушониён, Вахш, Леваканд, Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Панҷи вилояти Хатлон ва 100 нафар кӯдакони ятими шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон ВМКБ равона гардидааст. Бо мувофиқа ва пешниҳоди рӯйхатҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои болозикр 600 нафар кӯдакони ятим номнавис шуда, ҳуҷҷатҳои онҳо пурра дар маҳзани иттилоотии ҶҲАТ сабт гардидаанд.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бузургтарин ташкилоти башардӯстона дар Тоҷикистон, қисми таркибии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, узви Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, узви Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, иттиҳодияи ҷамъиятии ихтиёрӣ, ташкилоти худидораи ғайритиҷоратӣ буда, бо ташаббуси шаҳрвандон, дар асоси умумияти манфиатҳо барои муштаракона ба ҷо овардани вазифаҳои амалӣ гардонидани ғояҳои башардӯстона ва ғамхорӣ дар ҳаққи мардум бо роҳи таъмини ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон, ҳамчунин дастгирии фаъолияти башардӯстонаи мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот соли 1927 созмон дода шудааст. ҶҲАТ тамоми Тоҷикистонро тавассути 69 бахшҳои худ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла идораи марказии он дар Душанбе ва шабакаи азими волонтёрон, ки ба ниёзҳои ҷомеаҳои осебпазир кумаки башардӯстона мерасонанд, фаро гирифтааст. Ҷамъият дар саросари кишвар тавассути 69 бахши вилоятӣ, минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, бо доштани зиёда аз 13888 нафар аъзо, зиёда аз 12000 нафар волонтёрон ва 907 ташкилоти ибтидоӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ кумак менамояд. ҶҲАТ ба он афрод ва ҷойҳое диққати асосӣ медиҳад, ки бештар ба кумаку дастгирӣ ниёз доранд.

Маркази иттилооти ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 31 марти соли 2022