Кумаки хайриявӣ ба ниёзмандони ноҳияи Варзоб

0
1817

Рӯзҳои 8-9 апрел Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба ниёзмандони ноҳияи Варзоб дар моҳи шарифи Рамазон кумаки хайриявӣ дар шакли маводи хӯрока расонид.

Кумак бо шумули орд (50кг), равғани растанӣ (3 литр) ва дигар маҳсулоти озуқавории ниёзи аввал ба 100 нафар ниёзмандони ноҳия, аз ҷумла маъюбон, дардмандон, пиронсолони яккаву танҳо ва дигарон таввасути кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ тақсим карда шуд.

Дар тақсимот роҳбарияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, намояндагони Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шох Салмон ва Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки чунин кумак дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Душанбе (2975 нафар), Роғун (300), Кӯлоб (800 нафар), Истиқлол (500 нафар), Бӯстон (150 нафар), Ваҳдат (800 нафар), Айнӣ (500 нафар), Данғара (800 нафар), Файзобод (300 нафар), Сангвор (300 нафар), Рашт (800 нафар) ва шаҳру ноҳияҳои ВМКБ (1300 нафар) низ тақсим карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки дастгирии ниёзмандон, аз ҷумла маъюбон, беморон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҷамъият ба ҳисоб рафта, ташкилот дар ин самт ҳамеша тадбирҳо меандешад.

Маркази иттилооти ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 10 апрели соли 2022