Дастгирии шахсони ниёзманд яке аз ҳадафҳои асосии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Ҷамъият ҳамеша мекўшад барои дастгирии онҳо мусоидат намояд.
05 марти соли 2022 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгиририи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Туркия ба 5 муассисаҳои чумҳури кумаки озукавори такдим намуд.
Ин кумак дар доираи ҳамкориҳои башардӯстонаи байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Туркия ба мувофика расида, ба ниёзмандони кишвар мувофики дархости муассисаҳои мазкур амали гашт.
Кумаки мазкур аз орд, равгани растанӣ, биринч, наск, нахуд, марчумак, намак, чойи хушк, лўбиё, гушти гов, макарон иборат буда, ба Мактаб-интернатичамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнии вилояти Сугд, Беморхонаи байниноҳиявии бемории сили ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, Муасссисаи давлатии “Беморхонаи чумхуриявии клиникии беморихои равони”-и нохияи Рудаки, Муасссисаи давлатии таълимии “Литсей-интернати шаҳри Турсунзода” ва Муассисаи давлатии “Шифохонаи шаҳрии парастории хамшираҳои шавкат”-и шаҳри Душанбе такдим карда шуданд.
Бояд кайд намуд, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар арафаи Моҳи шарифи Рамазон низ тасмим гирифтааст ба ниёзмандони шаҳру ноҳияҳои чумҳури кўмаки хайрияви расонад.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 05 марти соли 2022