Кумаки Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба кӯдакони бемор ва ниёзмандони шаҳри Душанбе

0
762

Дастгирии ниёзмандон, махсусан кӯдакони ятиму бемор яке аз ҳадафҳои асосии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин радиф имрўз, яъне 29 декабри соли 2022 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар арафаи соли нави мелодӣ иқдоми хайриявиро ҷиҳати дастгирии кӯдакони бемор ва ниёзмандони 3 муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе амалӣ намуд.

Ин кӯмак аз лиҳози  дастархони идона ва тўҳфаҳои соли навӣ иборат буда, ба 40 нафар кӯдакони бемори Маркази кӯдаконаи бемориҳои хун, 30 нафар кӯдакони бемори Маркази бемориҳои асаби кӯдаконаи Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» ва 110 нафар ниёзмандони Муассисаи давлатии “Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқати шаҳри Душанбе” тақдим гардид.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, ш.Душанбе, 29 декабри соли 2022