Ин кумак бо дастгирии Маркази имдод ва корҳои башардўстонаи Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Сауди сарчашма гирифта, то санаи 13 апрели соли 2021 идома меёбад.
Кумаки мазкур барои ҳар як нафар аз 50 кг орд, 3 литр равгани растанӣ, 3 кг биринҷ, 3 кг шакар, 3 кг макарон, 3 кг лӯбиё, 3 кг наск, 0,5 кг ҷойи хушк ва 1 кг намак, иборат буданд.
Ин амали хайр дар ҳамкории зич бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амали мегардад.
Бояд қайд намуд, ки санаи 05 апрели соли 2021 аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон алакай 400 бастаҳои хўроквори ба Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосии “Мактаб-интернати №3 барои кудакони имконияти маҳдуддошта”-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Маркази минтақавии хизмати иҷтимои ба нафақахурон ва маъюбони шахри Душанбе” ва Муассисаи давлатии ҷумхуриявии “Хона-интернати махсуси №2” кумаки хайрияви расонида шуда буд.
Бояд тазаккур дод, ки дар умум ин кумак ба 9,331 (нӯҳ ҳазору сесаду сиву як) оилаҳои ниёзманд, аз ҷумла ноҳияҳои Ҳамадонӣ 900 (нӯҳсад) оила, Муъминобод 900 (нӯҳсад) оила, Ховалинг 1,000 (ҳазор) оила, Фархор 1,000 (ҳазор) оила, Темурмалик 1,000 (ҳазор) оила, Ҷайҳун 1,000 (ҳазор) оила, Ҷалолиддини Балхӣ 900 (нӯҳсад) оила, шаҳри Кулоб 1,000 (ҳазор) оила ва шаҳри Душанбе 1,631 оилаҳои ниёзманд, хона-интернатҳо ва хонаи пиронсолон кумаки хайриявӣ дар шакли маводҳои хӯрока дастрас карда мешавад.
Тақсимоти онҳоро ба оилаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои мақсаднок Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз санаи 7 то 13 апрели соли 2021 таввасути кормандон ва волонтёрони худ анҷом медиҳад.
Қобили зикр аст, ки Маркази имдод ва корҳои башардўстонаи Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Сауди яке аз шарикони боэътимоди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамкории он аз соли 2016 огоз мегардад ва дар айни замон тавассути ҶҲАТ лоиҳаи башардўсти ҷиҳати дастгирии ятимон бо маблағгузории ин Марказ дар шаҳру ноҳияҳои мақсадноки вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад.