Бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманди мамлакат, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Маркази имдод ва корхои башардўстонаи Малик Салмони Шохигарии Арабистони Сауди тасмим гирифтааст, ки дар арафаи моњи шарифи Рамазон ба оилаҳои ниёзманди ҳашт шахру нохияхои мақсадноки вилояти Хатлон ва инчунин шахри Душанбе дасти кумак дароз намояд.
Санаи 05 апрели соли 2021 кормандон ва волонтерони ЧХАТ 400 бастахои хуроквори ба Муассисаи давлатии тахсилоти умумии асосии “Мактаб-интернати №3 барои кудакони имконияти махдуддошта”-и шахри Душанбе, Муассисаи давлатии “Маркази минтакавии хизмати ичтимои ба нафакахурон ва маъюбони шахри Душанбе” ва Муассисаи давлатии чумхуриявии “Хона-интернати махсуси №2” кумаки хайрияви намуданд.
Кумаки мазкур барои ҳар як нафар аз 50 кг орд, 3 литр равғани растанӣ, 3 кг биринҷ, 3 кг шакар, 3 кг макарон, 3 кг лӯбиё, 3 кг наск, 0,5 кг чойи хушк ва 1 кг намак, иборат буданд.
Ин амали хайр дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шахри Душанбе амалїи гардид.
Тақсимоти бокимондаи кумак аз санаи 7 то 14 апрели соли 2021 таввасути кормандон ва волонтёрони ЧХАТ дар хамбастаги бо Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шахру нохияхои дар боло зикргардида сурат мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи ин кумак ба 9,331 (нӯҳ ҳазору сесаду сиву як) оилаҳои ниёзманд, аз ҷумла ноҳияҳои Ҳамадонӣ 900 (нӯҳсад) оила, Муъминобод 900 (нӯҳсад) оила, Ховалинг 1,000 (ҳазор) оила, Фархор 1,000 (ҳазор) оила, Темурмалик 1,000 (ҳазор) оила, Ҷайҳун 1,000 (ҳазор) оила, Ҷалолиддини Балхӣ 900 (нӯҳсад) оила, шаҳри Кулоб 1,000 (ҳазор) оила ва шаҳри Душанбе 1,631 оилаҳои ниёзманд ва хона-интернатҳо кумаки хайриявӣ дар шакли маводҳои хӯрока дастрас карда мешавад.
Баҳодур Қурбониён, Котиби генералии ҶҲАТ, кайд намуд: “Бояд иттилоъ дод, ки дастгирии ниёзмандон, аз чумла шахсони дорои маъюбият дошта, маризон, пиронсолони яккаву танхо, ятимону бепарасторон ва дигар табакахои ниёзманди ахоли яке аз хадафхои асосии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба хисоб рафта, Ҷамъият хамеша мекўшад барои дастгирии онхо мусоидат намояд. Ин кўмак натичаи вохури бо намояндагони Маркази имдод ва корхои башардўстонаи Малик Салмон ва Сафорати Шохигарии Арабистони Сауди дар Чумхурии Точикистон дар соли 2021 ва хамкорихои мутакобилан судманди байни Ҷамъият ва Марказ ба хисоб меравад”.
Кобили зикр аст, ки Маркази имдод ва корхои башардўстонаи Малик Салмони Шохигарии Арабистони Сауди яке аз шарикони боэътимоди Ҷамъияти Ҳилоли Ахмари Точикистон ба хисоб рафта, хамкории он аз соли 2016 огоз мегардад ва дар айни замон тавассути ҶҲАТ лоихаи башардўсти чихати дастгирии ятимон бо маблағгузории ин Марказ дар шахру нохияхои мақсадноки вилояти Хатлони Ҷумхурии Точикистон амали мегардад.
