Кумаки Ҷамъити Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба зарардидагони заминларзаи Туркия

0
823

Дирӯз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тавассути Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагони заминларзаи Туркия кумак намуд.

Кумак аз матрас – 500 дона, болишт – 500 дона, рӯйпӯшҳои пашмин (одеялҳо) – 500 дона, ҷилди ҷиҳози хоб – 500 дона, зарфҳои хӯрокхӯрӣ – 500 дона ва маводи гигиенӣ – 300 дона иборат буд.

Ёдовар мешавем, ки 6 феврал дар музофоти Каҳрамонмараши ҷанубу шарқи Туркия заминларза бо шиддати 7,7 балл рух дод. Таконҳои зеризаминӣ ва садҳо пасларзаҳо дар 10 музофоти ин давлат, инчунин дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар Сурия эҳсос карда шуданд.

Ба ҳолати субҳи 9 феврал, теъдоди ҳалокшудагон бар асари зилзила дар ҷанубу шарқи Туркия ба 12 391 нафар ва шумораи зарардидагон ба 62 914 нафар расид.