Кумаки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд

0
434

Дастгирии шахсони ниёзманд яке аз ҳадафҳои асосии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон  ба ҳисоб рафта, Ҷамъият ҳамеша мекўшад барои дастгирии онҳо мусоидат намояд.

1-6 июни соли равон дар доираи лоиҳаи “Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода” аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба оилаҳои зарардидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, ки манзилҳояшон бар асари заминларза қисман ва пурра харобу валангор шуданд, тақсимоти кӯмакҳои пулӣ сурат гирифт.

Тибқи тартиби муқарраршуда ба 318 оилаи зарардида тавассути кормандони Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”  кӯмаки нақдӣ пешниҳод карда шуд.

Лоиҳаи “Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода” аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар маблағгузорӣ карда мешавад. Дар ҷараёни тақсимот намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва намояндагони Кумита ва Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур, оилаҳои зарардида дар деҳаҳои  Палдорак (167), Пакшиф (49), Роғ (47),  Ярм (23), Самҷон (7), Деҳманора (18), Дашти миёна (11) дар ҷамоати Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз кӯмакҳои пулӣ баҳравар гардиданд.

Қобили зикр аст, ки рӯйхати баҳрагирандагон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар натиҷаи хулосаи комиссияи давлатӣ муайян ва пешниҳод карда шудааст. Ҷиҳати озоду шаффоф гузаштани раванди тақсимот дар рӯзи тақсимотҳо рақамҳои боварӣ ва сандуқҳои махсус барои пешниҳод ва дархостҳои аҳолӣ гузошта шуд.

Ҳамзамон дар доираи амалишавии лоиҳаи мазкур як қатор тренингҳои омӯзишӣ барои аҳолии деҳаҳо бо мақсади расонидани маълумоти зарурӣ дар робита ба обу беҳдоштӣ ва дигар мавзӯҳои муҳим ба нақша гирифта шудааст.

Тамоми раванди интиқол, дастрас ва тақсим намудани кӯмаки мазкур бо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд мувофиқа карда шудааст.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон минбаъд низ кўшиш менамояд, ки фаъолияти худро пайваста ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона сохта, ҳамеша вобаста ба дастгирии табақаи ниёзмандон саҳмгузор бошад.

Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда (Disaster Relief Emergency Fund (DREF) бунёдест, ки соли 1985 аз ҷониби ФБҶ СС ва ҲА ҷиҳати пуштибонии сареъи молӣ аз вокунишҳои изтирории Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба ҳолатҳои фавқулода ташкил шудааст.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон яке аз калонтарин ташкилотҳои башардӯстӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, соли 1927 ташкил ёфтааст. ҶҲАТ дар саросари кишвар фаъолияти башардӯстонаи худро тавассути 69 (шасту нӯҳ) бахшҳои худ дар сатҳи ноҳия, шаҳр, минтақа ва вилоят бо назардошти дафтари асосии худ дар шаҳри Душанбе бо дастгирии шабакаи бузурги волонтёрони худ ҷиҳати расонидани кӯмак ба ниёзмандон пеш мебарад. Ҷамъият дар ироаи ёрии башардӯстона ба қурбониёни офатҳои табиӣ, ҷустуҷўи афроди бедаракшуда, аёдати пиронсолони яккаву танҳо, иттилонокии аҳолї оид ба бемориҳои сироятї, росонидани ёрии аввали то духтурї нақши калидӣ бозида, дар омодагӣ ва вокуниши саривақтӣ ба офатҳо дар Тоҷикистон саҳми арзанда дорад.