Аз ҷониби кормадон ва волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар минтақаҳои сарҳадӣ ба сокинони зарардида дар доираи имкониятҳои мавҷуда кумакҳои амалӣ дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдор расонида шуда истодааст. Аз ҷумла аз ҷониби кормандони Филиали ҶҲАТ дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара ба аҳолӣ маводи хӯрока ва ғайра дастрас шуда истодааст.
Шоми 16 сентябр кормандон аз ҳоли сокиноне, ки аз минтақаҳои сарҳадии деҳоти Овчиқалъача ва Хистеварз ба ҷамоати Ғозиёну Ёва кӯчонида шудаанд, бо хабар гашта, бо онҳо суҳбат намуданд ва маводи хӯрока дастрас карданд.
17 сентябр дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои аҳолӣ хӯроки гарм ташкил гардида, аз ҷониби волонтёрону кормандон тақсим карда шуд. Дар шаҳри Исфара аз ҷониби Филиали ҶҲАТ дар шаҳри Исфара ба аҳолӣ ба таври ройгон нон тақсим карда шуд.
Инчунин 17 сентябр бо дастгирии молиявии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх орд, уребча ва дигар маводи лозима харидорӣ ва ба ҷамоати Ғозиён дастрас гардиданд. Маводи болозикр ҳамчун кумаки яквақтина аз ҷониби намояндагони Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд ва КБСС ба кормандони ҷамоати супорида шуданд.
Бояд гуфт, ки раванди расонидани кумакҳои амалӣ ба аҳолии зарардида идома дошта, ҳамаи кӯшишҳо ҷиҳати дастгирии аҳолии зарардида равона карда шудаанд.