Дастгирии беморхонаҳо ва кормандони тиб иқдоми наҷибест дар ин даврае, ки ҷомеаи ҷаҳониро паҳншавии бемории коронавирс (COVID-19) фаро гирифтааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин беморӣ паҳн гашта, айни замон мувофиқи омори расмӣ дар Ҷумҳурӣ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 4191 расида, 2347 нафар аз ин беморӣ шифо ёфта, 48 нафар фавтидааст.
Ҷиҳати дастгирии беморхонаҳои ҷумҳурӣ ва кормандони тиб Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари давлати Қувайт санаи 3 июни соли 2020 ба 12 муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ кўмак намуд. Қумаки мазкур аз 1000 бастаҳои гигении иборат аз сачоқ, собун, хокаи ҷомашӯӣ, хокаи безараргардонӣ, собуни моеъ, шампун, дезинфектант, маводҳои гигиенаи шахсӣ, бастаи селофанӣ, коғази ташноб ва ғайраҳо иборат буданд. Ин маводҳо ба Маркази миллии тибии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш”, Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, Маркази тиббии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил, Пажуишгоҳи гастроэнтрологии ҶТ, Беморхонаи бемориҳои сироятии кўдакона, Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии урологӣ, Госпитали ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ, Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пуст ва Муассисаҳои тандурустии ноҳияи Айнии вилояти Суғд ирсол карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар ин рўзҳо ҳамчунин аз ҷониби ҶҲАТ бо дастгирии шарикони рушд аз созмонҳои Иттиҳоди Аврупо ва UNICEF ба беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Ванҷ, Мурғоб, вилояти Суғд, ВМКБ, Бохтар, Кўлоб ва дигар беморхонаҳое, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ пешниҳод гаштааст, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъи, термосканнер, либосҳои муҳофизатӣ барои духтурон ва дигар таҷҳизотҳои зарурӣ тақдим мегарданд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 4 июни соли 2020