Кўмаки навбатии ҶҲАТ ба ниёзмандон

0
87

4 майи соли 2019 бахшида ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Маркази имдод ва корҳои башардўстонаи Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба 800 нафар ниёзмандони 4 ноҳияи шаҳри Душанбе кўмак намуд.
Ин кумак дар маҷмуъ аз маводи озуқаворӣ аз ҷумла, 40 000 кг. орд, 2400 кг. биринҷ, 2400 кг. шакар, 2400 литр равғани растанӣ, 2400 кг. макарон, 2400 кг. лубиё, 2400 кг. наск, 2400 кг нахуд, 2400 кг. марҷумак, 400 кг. чойи хушк ва 800 кг. намак иборат буда, ба ниёзманд, аз қабили шахсони дорои маъюбият дошта, дардмандон, пиронсолони яккаву танҳо ва дигар ниёзмандони шаҳри Душанбе тақсим карда шуд.