Кўмакҳои башардӯстонаи Ҳилоли Аҳмар ба ниёзмандон

0
1589

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон” марбут ба қабул ва дастрас намудани кумакҳои башардўстона вобаста ба пешгирии бемории ковид-19, дастгирии оилаҳои аз офати табиӣ зарардида як қатор тадбирҳои заруриро анҷом додааст.
Аз ҷониби Ҷамъият дар доираи лоиҳаи бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода бо дастгирии Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар 2 июни соли 2020 ба 260 оилаҳои ноҳияи Хуросон, ки дар натиҷаи офати табиӣ обхезии моҳи майи соли равон зарар дида буданд, кумакҳои ғайриозуқаворӣ дастрас карда шуданд. Ҳамчунин, 6 оилаи шаҳри Ваҳдат, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, ба кумак фаро гирифта шуданд.
Кумакҳои зикргардида аз 266 бастаи маводи ғайрихурокворӣ аз ҷумла, 1330 адад бистар, 1330 адад болишт, 1330 адад кампал, 1330 адад рахти хоб, 530 адад бел, 530 адад каланд, 530 адад сатили пластикӣ, 266 бастаҳои абзори ошхона, аз қабили кафлез, обгардон, косаи калон ва хурд, қошуқ, чангак, дўлча, ҷом ва 266 бастаҳои беҳдоштӣ, ба монанди сачоқ, собун, хамираи дандоншўӣ, хокаи ҷомашўӣ, хокаи безараргардонӣ, собуни моеъ, шампун, маводи беҳдоштии шахсии занона, собуни хоҷагӣ, бастаи селофанӣ, коғази ташноб ва ғайраҳоро ташкил намуданд. Дар доираи кумакҳои мазкур оилаҳое, ки бештар аз ҳама зарар дида, манзилҳои истиқоматиашонро аз даст додаанд, фаро гирифта шуданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Ҷамъият бо дастгирии Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар тасмим гирифта шудааст, ки илова ба кумакҳои ғайрихурокворӣ ба 72 оилаҳое, ки хонаҳои худро дар натиҷаи офати табиӣ пурра аз даст додаанд, ба миқдори 150 франки швейтсарӣ тибқи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ дар санаи пардохт ёрии яквақта расонад.
Расмиёти дастрас намудани кумакҳои башардўстона ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида бо иштироки намояндагони ваколатдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон амалӣ карда шуданд.
Тибқи созишномаи баимзорасида байни Ҷамъият ва Намояндагии Хазинаи кўдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон аз тарафи Ҷамъият маводу таҷҳизотҳои тиббӣ, ки бо дастгирии Намояндагии Хазинаи зикргардида ба Ҷамъият ворид карда шудаанд, ба беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастрас карда шуданд.
Аз ҷумла, ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 4400 адад либоси муҳофизатии (комбинзон) андозаи L, 5100 адад либоси муҳофизатии (комбинзон) андозаи M, 560 адад айнакҳои муҳофизатӣ, 8200 сипари муҳофизатӣ (шит), 70 адад ҳароратсанҷи муҳофизатии ИК, 5500 адад ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ, ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 10 600 адад либосҳои муҳофизатӣ (комбинзон), 780 адад айнакҳои муҳофизатӣ, 6650 адад сипари муҳофизатӣ (шит), 260 адад ҳароратсанҷи муҳофизатӣ, 5500 адад ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ, ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 4800 адад либосҳои муҳофизатӣ (комбинзон), 2500 адад сипари муҳофизатӣ (шит), 3400 адад ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ, ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 12 950 адад либосҳои муҳофизатӣ (комбинзон), 9350 адад сипари муҳофизати (шит), 7700 адад ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ, ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар 12 300 адад либосҳои муҳофизатӣ (комбинзон), 7750 адад сипари муҳофизатӣ (шит), 6500 адад ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ, ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб 8 300 адад либосҳои муҳофизатӣ (комбинзон), 3350 адад сипари муҳофизатӣ (шит), 4500 адад ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ, ба Берморхонаи ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 500 адад либосҳои муҳофизатӣ (комбинзон), 40 адад айнакҳои муҳофизатӣ, 400 адад сипари муҳофизатӣ (шит), 50 адад ҳароратсанҷи фосилавӣ, 570 адад ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ, ба Беморхонаи КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон 300 адад либосҳои муҳофизатӣ (комбинзон), 20 адад айнакҳои муҳофизатӣ, 300 адад сипари муҳофизатӣ (шит), 10 адад ҳароратсанҷи фосилавӣ, 150 адад ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ, ба Госпитали ҳарбӣ – тиббӣ Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 адад либосҳои муҳофизатӣ (комбинзон), 20 адад айнакҳои муҳофизатӣ, 300 адад сипари муҳофизатӣ (шит), 10 адад ҳароратсанҷи фосилавӣ, 150 адад ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ, ба Госпитали тиббии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 350 адад либосҳои муҳофизатӣ (комбинзон), 20 адад айнакҳои муҳофизатӣ, 300 адад сипари муҳофизатӣ (шит), 10 адад ҳароратсанҷи фосилавӣ, 150 адад ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ, ба Раёсати тиббӣ – ҳарбии қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 адад либосҳои муҳофизатӣ (комбинзон), 30 адад айнакҳои муҳофизатӣ, 100 адад сипари муҳофизатӣ (шит), 20 адад ҳароратсанҷи фосилавӣ ва 250 адад ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ба Беморхонаи сироятии Ҷамоати Гулистони деҳаи Телмани шаҳри Ваҳдат 300 адад либосҳои муҳофизатӣ (комбинзон), 8 адад айнакҳои муҳофизатӣ, 284 адад сипари муҳофизатӣ (шит), 10 адад ҳароратсанҷи фосилавӣ, 150 адад ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ва ба Маркази миллии Шифобахш 600 адад либосҳои муҳофизатӣ (комбинзон), 600 адад сипари муҳофизатӣ (шит), 30 адад ҳароратсанҷи фосилавӣ ва 500 адад ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ дастрас карда шуданд.
Ҳамчунин, ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 20 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, аз ҷумла ба беморхонаҳои шаҳри Душанбе 4 адад, ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 4 адад, ба вилотҳои Суғд 4 адад ва Хатлон 8 адад дастрас карда шуданд.
Ҷиҳати омодагии доимӣ оид ба пешгирии бемории ковид -19 ба бахшҳои Ҷамъият дар шаҳру ноҳияҳо маводҳои хурока, ловозимоти тиббӣ ва иттилоотӣ равон карда шуданд.
Бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувайт аз ҷониби Ҷамъият 1000 (ҳазор) адад бастаҳои гигиенӣ харидорӣ карда шуда, ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла 100 адад ба Маркази миллии тиббии Шифобахш, 80 адад ба Маҷмааи тандурустии Истиқлол, 80 адад ба Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи К. Ахмедови шаҳри Душанбе, 70 адад ба Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, 70 адад ба Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои қалб, 70 адад ба Пажўҳишгоҳи гастроэнтерология, 70 адад ба Беморхонаи бемориҳои сироятии кўдакона, 70 адад ба Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии урологӣ, 70 адад ба Госпитали дифои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 70 адад ба Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофта?ои инсон, 50 адад ба Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пуст ва 200 адад ба муассисаҳои тандурустии ноҳияи Айнии вилояти Суғд дастрас карда шуданд.
Ҳамчунин, аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Туркия ба Ҷамъият 50 000 (панҷоҳ ҳазор) адад ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ҳамчун кўмак ворид карда шуданд, ки онҳо ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории ковид-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 000 (си ҳазор), Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти ба номи А. Рўдакии ноҳияи Восеъ 3000 (се ҳазор), Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2000 (ду ҳазор), Раёсати тиббӣ – ҳарбии қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 2000 (ду ҳазор) ва бахшҳои Ҷамъият дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ҷудо карда шуданд.
Гузориши мазкур оид ба қабул ва тақсимоти кумакҳои башардўстона ба Шумо барои маълумот пешниҳод карда мешавад.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, ш. Душанбе, 16 июни соли 2020