КӮМАКИ АВВАЛИНИ ПСИХОЛОГӢ

0
751

Ҳар рӯз мо метавонем бо ҳодисаҳои гуногуни бӯҳронӣ – офатҳои табиӣ, садамаҳо, сӯхтор, фалокатҳо, садамаҳои нақлиётӣ ва ғайра дучор шавем. Ҷабрдидагон метавонанд шахсони алоҳида, оилаҳо ва тамоми ҷамоатҳо бошанд. Одамон хонаҳо, наздикони худро аз даст медиҳанд, аз муҳити муқаррарии худ ҷудо мешаванд, ё шоҳиди хушунату марг мешаванд. Расонидани ёрии аввалин масъалаи муҳим ва афзалиятноки наҷот додани ҳаёти зарардидагон мебошад. Бо вуҷуди ин, набояд дар бораи ҷанбаи психологӣ фаромӯш кард. Ҳолатҳои бӯҳронӣ асосан бо стресс алоқаманданд. Доираи аксуламалҳои эҳтимолӣ ба стресс, ҳам дар худи ҷабрдидагон ва ҳам дар одамоне, ки беихтиёр шоҳиди ҳодисаҳо мешаванд, хеле васеъ аст, масалан, дарк, вокуниш ва рафтори одамон. Одам, ин ё он тарз, аз ҷиҳати равонӣ дар вазъияти фавқулодда ҷалб карда мешавад: ҳамчун ҷабрдида ё шоҳиди ҳодиса.

Қариб дар тамоми чорабиниҳо кормандон ва ихтиёриёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки омӯзишҳои махсуси ёрии аввалро гузаштаанд, ба аҳолӣ кӯмаки беғаразонаи худро мерасонанд. Ёрии аввалини психологӣ ҳангоми вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода, ҳангоми расонидани ёрии аввал, ташкили кори дастаҳои фаврӣ, барқарорсозии робитаҳои оилавӣ ва дигар чорабиниҳо расонида мешавад. Дар гузашта хангоми расондани ёрӣ ба зарардидагон зарурати расондани ёрии аввалини психологӣ ба назар гирифта намешуд. Аммо, чуноне ки таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ҳолатҳои бӯҳронӣ ва оқибатҳои онҳо аксар вақт бо осеби ҷиддии психологӣ алоқаманданд. Кормандон ва ихтиёриён ҳангоми ҳолатҳои фавқуллода дар ҷойҳо сараввал аз расонидани ёрии аввалини психологӣ шуруъ мекунанд.

Кӯмаки аввалини равонӣ маҷмӯи тадбирҳои дастгирии ҳамаҷонибаи инсонӣ ва ёрии амалӣ ба шахсони азиятдида ва ниёзманд мебошад. Ёрии аввалини психологӣ ҷанбаҳои зеринро дар бар мегирад:

  • Ташаккули ҳисси амният, робита бо одамони дигар, сулҳ ва умед;
  • Таъмини дастрасӣ ба дастгирии иҷтимоӣ, ҷисмонӣ ва эмотсионалӣ;
  • Пурзур намудани боварӣ ба қобилияти кӯмак ба худ ва дигарон

Барои расонидани кӯмаки аввалини психологӣ психолог ё корманди иҷтимоӣ тахассусӣ будан шарт нест. Кормандон ва ихтиёриёни ҶҲАТ ҳар сол аз омӯзишҳои махсуси психологӣ мегуазарнд, ки аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Онҳо донишу малакаҳои худро дар омӯзишҳо пурра намуда, дар амал дар минтақаҳои худ дарвазъиятҳои зарурӣ сари вақт истифода мебаранд.