Бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманди мамлакат, дар доираи ҳамкориҳои башардӯстона байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, тақсимоти кӯмаки хайриявӣ ба оилаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои мақсадноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбинӣ карда шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки Маркази зикргардида тасмим гирифтааст ба 7427 оилаҳои ниёзманди ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Душанбе 4127 оила, шаҳри Кӯлоб 1100 оила, шаҳри Ваҳдат 1100 оила ва ноҳияи Рӯдакӣ 1100 оила кӯмаки хайриявӣ дар шакли маводҳои хӯрока дастрас намояд.
Кӯмаки мазкур барои ҳар як оила аз 50 кг орд, 3 литр равғани растанӣ, 3 кг биринҷ, 3 кг шакар, 3 кг макарон, 3 кг марҷумак, 3 кг наск, 0,5 кг чойи хушк ва 1 кг намак, иборат мебошад.
Хариди тамоми маводҳои хӯрока аз ҷониби намояндагони Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, тақсимоти онҳоро ба оилаҳои ниёзманди мамлакат Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз таърихи 16 марти соли 2024 таввасути кормандон ва волонтёрони худ оғоз намудааст ва то 26 марти соли ҷорӣ анҷом медиҳад.
Баҳодур Қурбониён, Котиби генералии ҶҲАТ: “Бояд иттилоъ дод, ки дастгирии ниёзмандон, аз ҷумла шахсони дорои маъюбиятдошта, маризон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Ҷамъият ҳамеша мекӯшад барои дастгирии онҳо мусоидат намояд. Ин кӯмак натиҷаи вохурӣ бо намояндагони Маркази имдод ва корҳои башардўстонаи Шоҳ Салмон ва Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни Ҷамъият ва Марказ ба ҳисоб меравад”.
Ин амали хайр дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњои дар боло зикргардида амалї мегардад. ҶҲАТ қаблан ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои болозикр бо мактуби дархостӣ муроҷиат карда буд, то рӯйхати оилаҳои ниёзмандро пешниҳод намоянд. Дар ҷавоб мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо рӯйхатҳоро бо тасдиқи роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо пешниҳод намуданд, ки тақсимоти кӯмаки башардӯстона дар асоси ҳамин рӯйхатҳо ба роҳ монда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз шарикони боэътимоди Ҷамъияти Ҳилоли Ањмари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамкории он аз соли 2016 оғоз мегардад ва дар айни замон тавассути ҶҲАТ лоиҳаи башардӯстӣ ҷиҳати дастгирии ятимон бо маблағгузории ин Марказ дар шаҳру ноҳияҳои мақсадноки Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон яке аз калонтарин ташкилотҳои башардӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, соли 1927 ташкил ёфтааст. ҶҲАТ дар саросари кишвар фаъолияти башардӯстонаи худро тавассути 69 (шасту нӯҳ) бахшҳои худ дар сатҳи ноҳия, шаҳр, минтақа ва вилоят бо назардошти дафтари асосии худ дар шаҳри Душанбе бо дастгирии шабакаи бузурги волонтёрони худ ҷиҳати расонидани кумак ба ниёзмандон пеш мебарад. Ҷамъият дар ироаи ёрии башардӯстона ба қурбониёни офатҳои табиӣ, ҷустуҷўи афроди бедаракшуда, аёдати пиронсолони яккаву танҳо, иттилонокии аҳолӣ оид ба бемориҳои сироятӣ, росонидани ёрии аввали то духтурӣ нақши калидӣ бозида, дар омодагӣ ва вокуниши саривақтӣ ба офатҳо дар Тоҷикистон саҳми арзанда дорад.