27-28 августи соли 2023 боронгариҳои шадид боиси селу обхезӣ, лағжиши замин ва резиши санг дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон гардид. Махсусан, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Ҳисор ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Деваштич, Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор, Фархор, Хуросон ва Ёвон зарар диданд.
Дар натиҷаи офати табиӣ хонаҳо, роҳҳо, пулҳо, мактабҳо, заминҳои кишоварзӣ, каналҳои обёрӣ, чорвои хонагӣ, хатҳои барқ, обу корезӣ, истгоҳҳои обкашӣ, мошинҳо ва дигар зерсохторҳо осеб диданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 18 сентябри соли равон аз марги 21 нафар хабар дод.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як ноҳияи аз офати табиӣ зарардида Комиссияи байниидоравии ҳолатҳои фавқулодаро фаъол гардонид, ки ба амалиёти вокуниш ба таври комил мусоидат мекунад. Илова бар ин, дар ҳар ноҳияи зарардида барои ҷамъоварӣ ва арзёбии иттилооти лозим ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои вокунишӣ Марказҳои ҳолатҳои изтирорӣ ташкил карда шуд.
То ба имрўз фаъолиятҳои вокуниш дар ноҳияҳои зарардида иборатанд аз: ҷустуҷўю наҷот, кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаҳои хавфнок, безараргардонии доимии ҳудуди офатзада, тоза кардани маҳалҳо аз партовҳо, арзёбии хисорот ва эҳтиёҷот, бақайдгирии одамони зарардида, барқарорсозии хизматрасонии коммуналӣ, ҷамъоварӣ ва тақсимоти кӯмаки фаврӣ, инчунин банақшагирии барқарорсозӣ.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Бюрои ЮСАИД оид ба кӯмакҳои башардӯстона ба 160 хонавода (800 нафар) барои рафъи эҳтиёҷоти аввалия ашёи рўзгор кўмак расонидааст. Бино бар натиҷаи арзёбиҳо дар маҳалҳои зарардида, аҳолии осебдида дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ барои қонеъ кардани ниёзҳои аввалияашон бо ашёи рӯзгор (бистар – 800 адад, болишт – 800 адад, рахти ҷойи хоб – 800 адад, кӯрпа – 800 адад, сатили пластикӣ (10 литр) — 320 адад, бел — 160 адад, каланд — 160 адад, бастаи маводҳои ошхона — 160 баста ва хайма — 20 адад) дастрас карда шудааст.
ЮНИСЕФ (бо дастгирии Бюрои ЮСАИД оид ба кӯмаки башардӯстона) маводи зеринро барои тақсимоти минбаъда ба хонаводаҳои зарардида ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда (КҲФ) супурд:
– 1,200 бастаи гигиенаи оилавӣ ва шахсӣ (барои қонеъ кардани ниёзҳои на камтар аз 6000 одамони зарардида кофӣ аст);
– 1,220 қутии қурсҳои тозакунандаи об /NaDCC, 33мг таб/PAC-50 (барои безараргардонии зиёда аз 305,000 литр об барои истеъмоли одамон кифоя аст).
Дар доираи ин амалиёт, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон оилаҳое, ки хонаҳояшон зарари калон дида ва молу мулки худро аз даст додаанд, оилаҳои осебпазири серфарзанд ё пиронсолон ва оилаҳое, ки сардори он занҳо танҳо ноновари хона мебошанд, фаро гирифт.
Тамоми раванди қабул, интиқол, дастрас ва тақсим намудани кӯмаки мазкур ба минтақаҳои зарардида бо назардошти арзёбии ниёзҳо бо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии минтақаҳои офатзада мувофиқа карда шудааст.
То 18 сентябр, КҲФ бо дастгирии ҶҲАТ, ЮСАИД, Оҷонсии Оқохон барои Ҳабитат, ТҶ «Дили Хайрхоҳ», БОҶ, ЮНИСЕФ, САҲА ва захираҳои худи КҲФ, бастаҳои иборат аз маводи хӯрока, бастаҳои гигиении оилавӣ ва гигиенаи шахсӣ, рахти хоб, зарфҳо барои нигоҳдории об ва қурсҳои тозакунандаи об ба зиёда аз 1000 хонаводаҳои зарардида дар шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб ва шаҳри Душанбе (ноҳияи И.Сомонӣ) тақсим намуд.
Бюрои ЮСАИД оид ба кӯмаки башардӯстона (BHA) ба шахсони аз ҳама осебпазир ва дурафтодаи ҷаҳон кӯмаки башардӯстонаи наҷотбахш, аз ҷумла ғизо, об, манзил, ёрии таъҷилии тиббӣ, беҳдошт ва гигиена ва хадаматҳои муҳими ғизоӣ мерасонад.
Бюрои ЮСАИД оид ба кӯмаки башардӯстона ҳамоҳангсози аслии федералӣ оид ба кӯмаки байналмиллалии офатҳои табиӣ буда, таҷриба ва иқтидори нодири дигар сохторҳои давлатии ИМА–ро барои вокуниши муассир ба офатҳои табиӣ ва бӯҳронҳои мураккаб дар саросари ҷаҳон истифода мебарад. Бюрои ЮСАИД оид ба кӯмаки башардӯстона, расонидани кӯмак қабл аз, дар давом ва баъд аз бӯҳрон — аз омодагӣ ва вокуниш, то кӯмак ва барқарорсозӣ нигоҳи куллӣ дорад. Он барномасозии ғайризтирориро, ки барои пайванди кӯмаки башардӯстона бо рушди дарозмуддат ва эътимод ба худ асос ба шумор меравад, дар бар мегирад.
Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) бузургтарин шабакаи башардӯстона дар ҷаҳон аст. Котиботи он амалиёти маҳаллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро дар 191 кишвари ҷаҳон дастгирӣ намуда, зиёда аз 16 миллион волонтёронро ба манфиати инсоният муттаҳид мекунад. ФБҶ СС ва ҲА қабл аз, дар давом ва баъд аз офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи тиббӣ барои қонеъ кардани ниёзҳо ва беҳтар нумудани ҳаёти одамони осебпазир, амал мекунад.
ifrc.org – Facebook – Instagram – Twitter – YouTube
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) яке аз қадимтарин ташкилоти башардӯстӣ дар Тоҷикистон буда, аз соли 1927 инҷониб ба мардуми ниёзманд кӯмак мерасонад. ҶҲАТ дар расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми аз офатҳои табиӣ зарардида, аз қабили обхезӣ, ярч, хушксолӣ ва заминҷунбӣ нақши муҳим мебозад. ҶҲАТ дар фаъолиятҳои омодагӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ҳамчун як ташкилоти ёрирасон ба мақомоти давлатӣ дар заминаи башардӯстона, нақши асосӣ дорад. ҶҲАТ дар саросари кишвар дар ҳамаи 69 ноҳия филиал дорад, ки зиёда аз 10,000 волонтёрро дар бар мегирад. Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 қонун дар бораи “Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон”–ро қабул карда, баъзе кафолатҳо ва имтиёзҳои давлатиро ба ин ташкилот эътироф намудааст. Барномаҳо ва нақшаҳои лоиҳаҳои ҷории ҶҲАТ бо Стратегияи 2030 ФБҶ СС ва ҲА мувофиқат мекунад.