Ҷумҳурии Тоҷикистон ба офатҳои гуногуни табиӣ осебпазир аст. Офатҳои табиӣ ба монанди заминҷунбӣ, обхезӣ ва хушксолӣ, сел ва лағжиши замин, ҳамзамон ҳодисаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон аз ҳама зиёд ба чашм мерасад. Ҳамасола, хисороти зиёди молӣ дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва техногенӣ беандоза буда, ҷиҳати коҳиши хавфи онҳо, ҳамзамон наҷоти ҳаёти одамон иқдомоти зиёдро дар самти коҳиши хавфи офатҳои табиӣ талаб менамояд.
Давоми моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ боронгариҳои шадид боиси селу обхезӣ ва кӯчиши замин дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон гардиданд. Махсусан, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зарари ҷиддӣ диданд.
Бо мақсади дастгирии оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи мамлакат, дар доираи ҳамкориҳои башардӯстона байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Кувайт, кӯмаки башардӯстона дар намуди маводҳои ғайрихӯрока ба оилаҳои осебдидаи минтақаи Рашт, дастрас карда шудааст.
Дар доираи кӯмакҳои мазкур, ба оилаҳое, ки бештар аз ҳама зарар дидаанд ва ё манзилҳои истиқоматиашонро аз даст додаанд, инчунин оилаҳое, ки саробонашон зан, шахсони пиронсол, кўдакони хурдсол ва оилаҳое, ки бо дастгирињои дигар ниҳодҳои дахлдор фаро гирифта нашудаанд, кӯмак расонида шуд.
Тамоми раванди кабул, интиқол, дастрас ва тақсим намудани кӯмаки мазкур бо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаи Рашт мувофиқа карда шудааст.
Рӯзҳои 16-18 октябри соли 2024, дар ноҳияҳои Нуробод ва Рашт ба 120 оилаи аз офати табиӣ осебдида, тибқи рӯйхати тасдиқгардидаи мақомоти дахлдори давлатӣ маводҳои ғайрихӯрока, аз лиҳози бистар, кампал, болишт, рахти хоб, бастаи гигиенӣ, маводҳои ошхона ва ғайра дастрас карда шуд.
Баҳодур Қурбониён, Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон: “Бояд иттилоъ дод, ки дастгирии ниёзмандон, аз ҷумла оилаҳои аз офати табиӣ зарардида, шахсони дорои маъюбият дошта, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Ҷамъият ҳамеша мекўшад барои дастгирии онҳо мусоидат намояд. Ин кӯмак натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Кувайт ба ҳисоб меравад”.
Қобили зикр аст, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Кувайт яке аз шарикони боэътимоди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамкории он аз соли 2017 оғоз мегардад ва ҳамасола тавассути ҶҲАТ лоиҳаи башардӯстӣ ҷиҳати дастгирии табақаи ниёзманди мамлакат, амалӣ мегардад.