Кӯмаки башардӯстонаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар ба ниёзмандони Тоҷикистон

0
228

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо мусоидати  Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар 1 апрели соли 2024 ба 251 нафар ниёзмандони Тоҷикистон кӯмаки хурокворӣ намуд.

Аз ин кӯмак 170 бастаи хурокворӣ ба аҳолии ниёзманди шаҳри Душанбе, 15 баста ба Муассисаи давлатии таълимии томактабии “Ширхоргоҳ – кӯдакистони махсусгардонидашудаи №42”-и шаҳри Душанбе, 15 баста ба Муассисаи давлатии шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқати шаҳри Душанбе тавасути шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва 51 баста ба ниёзмандони ҷумҳурӣ тавассути кормандон ва волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дастрас карда шуданд.

Як бастаи хурокворӣ барои ҳар як нафар аз 50 кг орди гандумӣ, 3 литр равғани растанӣ, 3 кг биринҷ, 3 кг шакар, 3 кг макарон, 3 кг лӯбиё, 3 кг мош, 0,5 кг чойи хушк ва 1 кг намак, иборат мебошад.

Ин амали хайр дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ гардид.

Қобили зикр аст, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар яке аз шарикони боэътимоди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар солҳои қаблӣ низ аз ҷониби ин Ҷамъияти хайрхоҳ ба аҳолии ниёзманди Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакҳои хайривӣ расонида шуда буданд.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 01 апрели соли 2024